Ҳакимбек Абдуалимзода
Ҳакимбек Абдуалимзода | |
|---|---|
| Cандалов Ҳакимбек Абдулалимович | |
| Зодгоҳ | ноҳияи Қумсангир, вилояти Қурғонтеппа, ҶШС Тоҷикистон |
| Кишвар |
|
| Фазои илмӣ | иқтисод |
| Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон |
| Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои иқтисод |
| Унвонҳои илмӣ | дотсент |
| Алма-матер | Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон (2006) |
Ҳакимбек Абдуалимзода (Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим; ноҳияи Қумсангир, вилояти Қурғонтеппа, ҶШС Тоҷикистон) — иқтисоддон, номзади илмҳои иқтисод (2012), дотсент.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳакимбек Абдуалимзода дар ноҳияи Қумсангир ба дунё омдааст. Соли 2006 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси андоз ва андозбандӣ хатм намуд.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолияти кориашро аз соли 2006 дар кафедраи назарияи иқтисодии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон оғоз намудааст. То соли 2011 дар вазифаҳои ассистент, муаллими калони кафедраи назарияи иқтисодӣ Донишкадаи иқтисоди Тоҷикистон фаъолият дошт.
Солҳои 2014—2018 дар вазифаи мудири кафедраи фаъолияти бонкии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва солҳои 2018—2020 дар вазифаи декани факултети молия ва қарзи ҳамин донишгоҳ фаъолият намудааст. Солҳои 2020—2022 муовини якум, муовини ректор оид ба таълим.
Солҳои 2022—2025 ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон буд[1][2].
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳакимбек Абдуалимзода 17 ноябри соли 2012 рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст.
Муаллифи беш аз 25 асарҳои илмию методӣ аст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҳакимбек Сандалов. Амалиётҳои бонкӣ (китоби дарсӣ). — 2020[3]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Президенти Тоҷикистон. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъин намудани Абдуалимзода Ҳ. А.. president.tj (21 феврали 2022). 21 феврали 2022 санҷида шуд.
- ↑ Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — АМИТ "Ховар" (ru-RU). 2 май 2025 санҷида шуд.
- ↑ Китоби дарсӣ. Ҳакимбек Сандалов. Амалиётҳои бонкӣ. old.kmt.tj. Китобхонаи миллии Тоҷикистон (30 Декабри 2020). 21 феврали 2022 санҷида шуд.