Jump to content

Ҳакими Тирмизӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ҳаким Тирмизӣ)
Ҳакими Тирмизӣ
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 932
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: илоҳиётшинос
Забони осор: арабӣ[1]

Алии Тирмизӣ, Ҳакими Тирмизӣ (ар. الحكيم الترمذي‎; Тирмиз932, Тирмиз) — шоир, фақеҳ, муҳаддис ва орифи хуросонӣ, яке аз нависандагони бузурги мутақаддими тасаввуф.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаридуддини Аттор дар «Тазкирату-л-авлиё» Алии Тирмизиро чун шахси донишманду хушфазилат ва «дар фунуну улум комил» тавсиф намудааст. Ба шарофати фазлу дониш унвони «Ҳакимулавлиё» гирифта буд. Алии Тирмизӣ ба сабки рубоиёти халқӣ рубоиҳо эҷод кардааст. Азбаски рубоиёти аксар шоирони мутасаввиф ба ҳамин сабк аст, рубоиёти Алии Тирмизӣ ҳам бо ашъори шоирони дигар омехта шудаанд ва аз онҳо рубоиёти ба ӯ тааллуқдоштаро ҷудо кардан душвор аст. Ба қалами Алии Тирмизӣ инчунин рисолаҳои динию ирфонӣ тааллуқ доранд. Рисолаҳои мазкур шомили пораҳоеанд, ки ақидаҳову андешаҳои пандуахлоқӣ, андарзиву ҳакимонаро дар бар мегиранд. Дар шаҳри Тирмизи Ҷумҳурии ӯзбекистон мақбараи Алии Тирмизӣ барҷост, ки чун ёдгории таърихӣ дар муҳофизати давлат аст.

  1. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.