Jump to content

Ҳалогенез

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҳалогенез (англ. halogenesis, олмонӣ: Halogenese f, Salzbildung f) — раванди дар кӯлҳои шӯр ва мурдобаи баҳрҳо ҳосил шудани намакҳои зудҳалшавандаи сулфат, хлориди калсий, магний, натрий ва калий.

Шартҳои зарурии рӯй додани ҳалогенез умқи доимии ҳавза, аз об таъмин будани он ва иқлими гарму хушк мебошанд. Раванди табиии Ҳалогенез давраи дуру дарози ҷамъ шудани намакоб ва дар муддати нисбатан кӯтоҳ аз он таҳшин шудани намакро дар бар мегирад. Аз рӯйи гурӯҳи минералҳо ва хусусияти микроунсурҳои намак ҳалогенезҳо карбонатӣ, сулфатӣ ва хлоридӣ мешаванд. Вобаста ба пайдоиши обҳои ҳавза ҳалогенезҳоро ба хушкӣ ва баҳрӣ тақсим мекунанд. Дар давраҳои қадими заминшинохтӣ ҳалогенез бештар дар ҳавзаи баҳрҳо рӯй медод, ҳоло аксаран дар кӯлҳо (мас., Балхаш), баъзан дар халиҷҳо (Қаробуғозгол) ва мурдобҳо (кӯли Сиваш) ба вуҷуд меояд.