Ҳамид Маҷидов
![]() |
Ҳамид Маҷидов | |
---|---|
Ҳамид Маҷидов | |
Таърихи таваллуд: | 15 июл 1946 (74 сол) |
Зодгоҳ: | Ноҳияи Ҳисор , ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар: |
![]() |
Фазои илмӣ: | техникӣ |
Ҷойҳои кор: | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои техникӣ |
Унвонҳои илмӣ: | профессор |
Алма-матер: | Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Ҷоизаҳо: | Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (1998) |
Ҳамид Маҷидов (15.07.1946, деҳаи Истонии н. Ҳисор), доктори илмҳои техникӣ (1992), профессор (1994), Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (1998).
Зиндагинома[вироиш]
Соли 1966 факултаи физикаю математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро ба итмом расонда, дар аспирантураи ҳамин боргоҳи илму маърифат таҳсилро идома дод. Солҳои 1970-1987 ба сифати ассистент, муаллими калон, дотсент, 1987-1994 мудири кафедраи физикаи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, 1994-1999 ноиби ректор оид ба таълиму илми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, 1999-2007 декани факултаи тиҷорат ва гумруки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, 2008-2009 сардори Депортаменти таълим, 2010-2012 мудири кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносии ҳамин донишгоҳро ба ӯҳда дошт. Аз соли 2013 профессор-мушовири ҳамин кафедра мебошад.
Фаъолияти илмӣ[вироиш]
Бобати гармигузаронии эфирҳои мураккаби кислотаю сирко дар фишор ва ҳароратҳои баланд, хосиятҳои гармо-физикии системаҳои донагӣ барои тақсим намудани сӯзишвориҳои моеъи яктаркиба истифодашаванда таҳқиқот анҷом дода, барои ченкунии хосиятҳои гармо-физикии моддаҳо дастгоҳи таҷрибавӣ ихтироъ намуда-аст. Бо ибтикораш лабораторияи илмӣ-таҳқиқотии физикаи гармо ва физикаи молекулавӣ таъсис ёфта, баробари таҳқиқи хосиятҳои гармо-физикии ҷисмҳои сахт, моеъ ва газҳо ҳамчун мактаби омодасозии физикҳои ватанӣ шӯҳрат ёфт. Теъдоди таълифоташ аз 200 мегузарад.
Осор[вироиш]
- Супоришҳо барои кори мустақилона аз физикаи молекулӣ. – Д., 1989;
- Асосҳои физикаи гармӣ. Васоити таълимӣ. – Д., 2001;
- Асосҳои физикаи квантӣ. – Д., 2002;
- Асосҳои механика, физикаи молекулӣ ва термодинамика. – Д., 2004;
- Консепсияҳои табиатшиносии муосир. – Д., 2007;
- Физика. Маҷмӯаи масъалаҳо ва намунаи ҳалли онҳо. – Д., 2007;
- Физика. – Д., 2008;
- Оптика ва физикаи квантӣ. Нишондоди методӣ. – Д., 2008;
- Электромагнитизм, оптика ва физикаи квантӣ. – Д., 2009;
- Газҳои реалӣ, моеъҳо ва ҷисмҳои сахт. – Д., 2010.[1]
Пайвандҳо[вироиш]
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 331.
- Pages which use a template in place of a magic word
- Мақолаҳои ятим
- Зодагони 15 июл
- Зодагони соли 1946
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони Ноҳияи Ҳисор
- Докторони улуми техникӣ
- Олимон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Техникашиносони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Олимони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
- Арбобони шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон