Ҳанс Балдунг

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳанс Балдунг
олмонӣ: Hans Baldung
Суратҳо
Таърихи таваллуд на пештар аз 1484 и на дертар аз 1485 ё 1484[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт сентябри 1545[2][1]
Маҳалли даргузашт
Мамлакат:
Жанр такчеҳра ва наққошии мазҳабӣ[d]
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Ҳанс Балдунг (олмонӣ: Hans Baldung, тахаллусаш Грин олмонӣ: Grien; на пештар аз 1484 и на дертар аз 1485 ё 1484[1], Швебиш-Гмӯнд[d][2][3][1]сентябри 1545[2][1], Страсбург[2][1]) — мусаввир, графики олмонӣ, устоди ҳунари витраж.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Тахаллусаш «Грин» (сабз), ки барои зуҳури бармаҳали истеъдодаш дарёфт кард. Аз шогирдон ва дӯсти А. Дюрер. Мусаввири даргоҳи усқуфҳои ш. Страсбург. Фармоишоти мазҳабӣ ва дунявиро иҷро мекард, аз ҷумла портретҳо мекашид. Дар асарҳои Ҳанс Балдунг сужетҳои антиқӣ ва тамсилҳое, ки хосси даврони Эҳё мебошанд, бо образҳои ирфонию тахайюлӣ тавъам омадаанд. Сабки Ҳанс Балдунг софу шаффоф аст, дар офариниши чеҳраҳо иғроқ кардааст, рангҳои равшани возеҳро ҳамроҳ бо ракурсҳои мураккаб ва унсурҳои иғроқ ба кор бурдааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

Осори Ҳанс Балдунг: меҳроби «Тоҷгузории Марями Муқаддас» (Фрайбург, 1511-13), «Се синни зан ва марг», «Марг ва духтар», «Марг ва зан» (1517), «Милод» (1520), «Одам ва Ҳавво» (1525), «Пирал ва Фисба» (1530) ва ғ.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Постникова О. В. Манеризм в творчестве Ханса Бальдунга Грина // Культура возрождения XVI века. М., 1997.