Jump to content

Ҳарриет Бичер Стоу

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳарриет Бичер Стоу
англ. Harriet Beecher
Ном ба ҳангоми таваллуд: англ. Elizabeth Harriet Beecher
Таърихи таваллуд: 14 июн 1811(1811-06-14)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1 июл 1896(1896-07-01)[1][2][3][…] (85 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: румоннавис, шоир, нависандаи кӯдакон, қиссанавис, нависанда, abolitionist, мақоланавис
Жанр: tale[d]
Забони осор: American English[d] ва инглисӣ[8][9][10]
Ҷоизаҳо:
Имзо: имзо
harrietbeecherstowecenter.org
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард

Ҳа́рриет Эли́забет Би́чер-Сто́у (англ. Harriet Elizabeth Beecher Stowe; 1 (14) июн 1811, Литчфилд, Коннектикут, ИМА — 1 (1) июли 1896, Ҳартфорд, Коннектикут, ИМА) — нависанда, педагоги амрикоӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз оилаи рӯҳонӣ. Дар оилаашон ҳама мардон рӯҳонӣ буданд, худи Бичер-Стоу ҳам ба профессори. фиқҳу илоҳиёти насронӣ К. Стоу ба шавҳар баромад.

Масъалаи ғуломдорӣ дар Амрико ӯро мутаваҷҷеҳ сохта буд ва ба ҳар василае барои аз байн бурдани он мубориза мебурд. Махсусан, романаш «Кулбаи Томамак» (1982; тарҷ. тоҷикиаш 1959) барои аз байн бурдани ғуломдорӣ замина муҳайё кард. Дар ҳаёти ҷамъиятии Амрико ин асар таъсири зиёде дошт ва он дар тамоми ҷаҳон машҳур гардид. Президенти ИМА А. Линколн Бичер-Стоуро «зани хурди сабабгори ҷанги калон» (Ҷанги шаҳр­вандӣ дар ИМА 1861-65) ном бурдааст. Соли 1853 Бичер-Стоу ба романи «Кулбаи Томамак» тафсире бо номи «Калиди кулбаи Томамак» навишт, ки дар он санадҳои бисёреро оид ба ғуломдорӣ дастраси ҷомеа кард. Дар романи «Дред, қиссаи ботлоқи наҳс» (1856) боз ҳам ба масъалаи ғуломдорӣ таваққуф намудааст, вале ӯ нависандаест насиҳатгар, пандомӯз. Аз пешниҳоди роҳи зӯрӣ ва инқилобии ҳалли масъалаи ғуломдорӣ худдорӣ кардааст. Бичер-Стоу инчунин муаллифи якчанд романи дигар ва памфлети «Ба дастгирии леди Байрон» (1870) мебошад, ки дар он рафтори завҷаи Байронро, ки аз ӯ ҷудо шуда буд, маъқул шуморидааст.

  • Орлова Р. Д. Г. Бичер-Стоу: Очерк жизни и творчества. М., 1971.