Ҳасан Юсуфи Файзбахш
Ҳасан Юсупов | |
Таърихи таваллуд: | 2 ноябр 1951 (73 сол) |
Зодгоҳ: | деҳаи Авзикент, ноҳияи Ҳисор |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | |
Забони осор: | тоҷикӣ |
Ҷоизаҳои адабӣ: |
Ҷоизаи Лоҳутӣ (2015) ҷоизаи «Сеҳри сухан» ҷоизаи «Ватанро бишнос» |
Ҳасан Юсуфи Файзбахш (Ҳасан Юсупов; зод. 2 ноябри 1951, деҳаи Авзикент, ноҳияи Ҳисор) — рӯзноманигор, нависанда ва пажӯҳишгари тоҷик. Узви Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон (1995).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳасан Юсуфи Файзбахш 2 ноябри соли 1951 дар деҳаи Авзикенти ноҳияи Ҳисор ба дунё омадаааст. Хатмкардаи мактаби № 28-и деҳаи Гачак, омӯзишгоҳи фарҳангу маърифатии ноҳияи Рӯдакӣ ва Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон мебошад.
Нависандагӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Саҳми Ҳасан Юсуфи Файзбахш дар ҷамъоварӣ, омӯзиш ва тарғиби рӯзгори ибратбахшу осори пурғановати шоири мардумӣ Карим Девона хеле бузург аст. Мавсуф бо мақолаҳои «Карим-Девона, ман ва ҳамдеҳагони ман», «Валлай, шудӣ армонӣ» ё «Аз пайи як шеъре, ки дар он таърих нуҳуфта» (мусаввада), «Эътирофи хатои худ мардонагист», «Басо ҷамъи парешон монд аз худ…» рағбат ва дилбастагии худро ба шеъри дилнавозу давронсози Карим-Девона баён сохтааст. Баъдан ҳасан Юсуф ду мақолаи аввалро такмил дода, бо номҳои «Валлай, шудӣ ормонӣ», «Карим-Девона, ман ва хамдеҳагон» дар шакли рисолаҳои хурд ба нашр расонид[1].
Таълифот
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳасан Юсуфи Файзбахш муаллифи зиёда аз 500 қиссаю ҳикоя, очерку публитсистика, асарҳои саҳнавӣ, мақолаҳои гуногунжанр, 19 китоби таърихӣ, илмӣ-оммавӣ, адабӣ-бадеӣ мебошад. Асарҳояш ба забонҳои узбакӣ, русӣ ва хатти форсӣ нашр шудаанд. Чандин асараш рӯи саҳнаи театрҳо баромада, аз рӯи чанд асари дигараш садою симо гуфтору намоишҳо таълиф намудаанд[2].
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар соли 2015[3], ҷоизаҳои «Сеҳри сухан» ва «Ватанро бишнос» мебошад.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҳасан Юсуфи Файзбахш. Валлай, шудӣ ормонӣ. — Душанбе: Ирфон, 2014. — 119 с. — ISBN 978-99975-0-083-0
- Ҳасан Юсуфи Файзбахш. Карим-Девона, ман ва ҳамдеҳагон. — Душанбе: Ирфон, 2015. — 95 с. — ISBN 978-99975-0-097-7
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Ҳасани Муродиён. Ҳамдиёри пуркору номбардори шоири мардумӣ Карим-Девона. bgu-vestniki.tj. Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, 1/2 (37) (2016). 4 апрели 2023 санҷида шуд.
- ↑ Ҳасан Юсуфи Файзбахш. «Завқе ба дил надорӣ, синаҷунбонӣ чӣ суд?». Фараж (1 ноябри 2021). 4 апрели 2023 санҷида шуд.
- ↑ Неъмат Салимзода. Ҷоизаи Лоҳутӣ ба кормандони ВАО (17 октябри 2016). 4 апрели 2023 санҷида шуд.