Ҳасиб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Ҳасиб

Навъе аз хӯриши гӯштиест, ки аз қадим дар байни тоҷикон маъмул будааст. Тарзи тайёр карданаш чунин аст: дилу ҷигар, гурда, шуш, забон ва гӯшту дунбаи гӯсфандро реза карда, ба он намак, мурчу зира ва баъзан биринҷи таркардашударо ҳамроҳ мекунанд. Маҳсули омодашударо ба рӯдаи тозашудаи гўсфанд ё гов андохта, аз ду нўгаш бо ришта мебанданд. Сипас ба деги обдор андохта, 1-2 соат дар оташи паст меҷўшонанд. Дар вилояти Суғд, водии Ҳисор нимфаъол аст.

Нигаред[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Ҳасиб // Энсиклопедияи соетии тоҷик, Ҷ.8, . – Душанбе, 1988, с.374.
  • Ҳасиби тоҷикӣ // Энсиклопедияи мухтасари рўзгордорӣ. . – Душанбе, 1988, с. 225. [1]

Манобеъ[вироиш]

  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ. – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 163