Ҳоким Холиқзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳоким Холиқзода
Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло
Таърихи таваллуд 27 июл 1973(1973-07-27)
Зодгоҳ ноҳияи Румӣ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ  Тоҷикистон

Ҳоким Ҳикматулло Холиқзода (Ҳокимҷон Ҳикматуллоевич Холиқов; 27 июли 1973, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ) — муҳосиб, менеҷер, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI[1]

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳоким Ҳикматулло Холиқзода 27 июли соли 1973 дар ноҳияи Колхозобод таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1990 мактаби миёнаи № 51 — и ноҳияи Ҷ.Румиро хатм намудааст. Соли 1994 техникуми молиявӣ — иқтисодии шаҳри Душанберо бо ихтисоси муҳосиб, соли 2004 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ — менеҷер, соли 2013 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси молия ва қарз, ҳамвора соли 2014 Академияи хидмати давлатии назди Презтденти Федератсияи Русияро бо ихтисоси идоракунии кормандон хатм намудааст.

Фаъолияти кориашро соли 1995 дар муассисаи хуроки умумии ноҳияи Фрунзеи ш. Душанбе ба ҳайси муҳосиби дараҷаи 2 оғоз намуда, соли 1996 ҳамчун муҳосиб дар итиҳодияи истеҳсолии ба номи «Зайнаббибӣ» — и шаҳри Душанбе, солҳои 1996—1998 ба ҳайси иқтисодчии калони шуъбаи қарзии «Тори — бонк» дар ш. Душанбе кор кардааст. Фаъолияти кориашро дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» аз соли 1998 шурӯъ намуда, дар вазифаҳои хазинадор, муҳосиб оид ба хидматрасонӣ ба шахсони ҳуқуқӣ, муовини сармуҳосиби Идораи амалиётӣ кор кардааст. Соли 2005 ба вазифаи сардори Идораи амалиётии Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» ва соли 2009 ба вазифаи Директори Департаменти хазинадории Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» таъйин гардида буд. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, аъзои Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» таъйин гардид.

Солҳои 2015 - 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати панҷум);

Аз 1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати шашум);

17 марти соли 2020 дар ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия интихоб гардид;

Аз 20.06.2020 то 20.11.2020 Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон;

20 ноябри соли 2020, №83 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъйин гардид;

Аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд

[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]