Jump to content

Ҳомиддин Шарифов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳомиддин Шарифов
Шарифов Ҳомиддин Ҳасанович
31 октябри 1996 — 6 ноябри 2006
Президент Эмомалӣ Раҳмон
Пешгузашта Сайдамир Зуҳуров
Ҷонишин Маҳмадназар Солеҳов

Таваллуд 15 июн 1947(1947-06-15)
Даргузашт 30 август 2007(2007-08-30) (60 сол)
Ном ҳангоми таваллуд Ҳумдин
Ҳизб

Ҳомиддин Шарифов (Шарифов Ҳомиддин Ҳасанович; 15 июни 1947, деҳаи Саталмуш, ноҳияи Балҷувон — 30 августи 2007, Тоҷикистон) — низомии тоҷик, генерал-полковник, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1996—2006).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳомиддин Шарифов 15 июни соли 1947 дар деҳаи Саталмуши ноҳияи Балҷувон, дар хонаводаи коргар ба дунё омадааст[1]. Баъди ба синни мактабхонӣ расидан, соли 1954 ба мактаби миёнаи ба номи Фирдавсӣ хондан рафта, соли 1962 синфи 8-ро хатм намуд ва орзуи омӯзгор шудан дошт. Бо ин мақсад ҳуҷҷатҳояшро ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб супорида, таҳсилро идома дод. Ҳомиддин, ки ҷавони меҳнатӣ ва закӣ буд, бо баҳои хубу аъло омӯзишгоҳро хатм намуд. Меҳри хондан ӯро ором намегузошт. Ин буд, ки соли 1966 баъди хатми омӯзишгоҳ Ҳомиддини ҷавон ба факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ҳуҷҷат супорида, бо сари баланд донишҷӯ гардид. Донишгоҳро низ бомуваффақият хатм намуда, тибқи тақсимот бо ихтисоси ҳуқуқшинос ба мақомоти корҳои дохилӣ ба кор фиристода шуд.

Фаъолияти корӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаъолияти кории Ҳомиддин Шарифов 16-уми сентябри соли 1971 ҳамчун муфаттиш дар шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ёвон оғоз гардид. Дар аввалин хислатномаи хидматиаш, ки тақрибан баъди шаш моҳи корӣ, моҳи марти соли 1972 сардори шуъбаи корҳои дохилӣ, майори милитсия Назарамонов додааст, чунин таъкид мешавад: «…худро мусбат нишон дода, ба кор муносибати бовиҷдонона дорад… Дар андак муддат 21 парвандаи ҷиноятиро ба итмом расонда, ба суд ирсол намуд, ки ягонтоаш барнагаштааст».

Фаъолмандиашро дида, роҳбарияти шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ёвон натиҷаҳои кории корманди ҷавон Ҳомиддин Шарифовро қадр намуда, ӯро ба гирифтани рутбаи лейтенанти калон ва ба вазифаи сармуфаттиш сазовор донист. Маҳз дар ҳамон давра қобилият ва тавоноии Ҳомиддини ҷавон аз назари роҳбарият пинҳон намонд ва ӯ ба курсҳои бозомӯзӣ фиристода шуд. Аз 28-уми январ то 13-уми феврали соли 1974 дар шаҳри Волгоград, дар факултети такмили ихтисоси ВКД Иттиҳоди Шӯравӣ, аз рӯи риштаи таҳқиқи дуздии моликияти давлатӣ сайқали дониш намуд.

Ҳамин тавр, Ҳомиддин Шарифов аз 23 майи соли 1975 то 15 апрели соли 1976, қариб як сол ба ҳайси сармуфаттиш фаъолият намуда, баъдан ба вазифаи раиси Суди халқии ноҳияи Ёвон интихоб гардид ва тайи қариб ду даҳсола дар вазифаҳои гуногуни ин мақомот кор кард.

Бо амри тақдир 31-уми октябри соли 1996 ба ҳамон мақомоте, ки 25 сол муқаддам ҳамчун муфаттиш ба кор омада буд, баргашт. Вале ин маротиба на ба ҳайси корманди қаторӣ, балки ҳамчун роҳбари аввал, ба ҳайси вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2006.

Баъди аз вазифаи вазири корҳои дохилӣ рафтан Ҳомиддин Шарифов соли 2007 аз ҳавзаи интихоботии № 37-и шаҳри Кӯлоб аз тарафи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон вакил интихоб шуд. Дар парлумони мамлакат низ роҳбарии Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсонро ба ӯ бовар карданд. Вале шиддати беморӣ имкон надод, ки ҳатто як бор ҳам дар ҷаласаи парлумон ширкат кунад.

Ҳомиддин Шарифов 9 фарзанд — чор писару панҷ духтар дошт.

Хидмати содиқона ва заҳматҳои бисёрсолаи Ҳомиддин Шарифов бо ордену медал ва ҷоизаҳои гуногун, аз ҷумла ордени «Исмоили Сомонӣ» дараҷаи 2 (2006) ва ордени «Пётри Кабир», дараҷаи 1 (2006) аз Федератсияи Русия, 13 медал, 19 нишони сарисинагӣ қадр шудаанд.

  1. Ҷӯрахон Маҷидзода. Марди накуном намирад ҳаргиз…. Рӯзномаи "Садои мардум" (16 июни 2020). 7 сентябри 2021 санҷида шуд.