Jump to content

Сайдамир Зуҳуров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сайдамир Зуҳуров
Зуҳуров Сайдамир Зуҳурович
Сайдамир Зуҳуров дар суҳбат бо Радиои Озодӣ, соли 2011.
Сайдамир Зуҳуров дар суҳбат бо Радиои Озодӣ, соли 2011.
парчам
Сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
2006 — 2016
Нахуствазир Қоҳир Расулзода
Президент Эмомалӣ Раҳмон
1999 — 2005
Нахуствазир Оқил Оқилов
Вазири амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1996 — 1999
Нахуствазир Яҳё Азимов
Ҷонишин Хайриддин Абдураҳимов
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1995 — 1996

Таваллуд 20 феврал 1951(1951-02-20) (73 сол)
Ҷоизаҳо Ордени Байрақи Сурх
Хидмати сарбозӣ
Рутба Сипаҳсолор/генерал-полковник

Сайдамир Зуҳуров (тав. 20 феврали 1951, ноҳияи Фархор, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — ходими давлатии тоҷик, Сипаҳсолор/генерал-полковник (2002), Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2002).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хидмат дар Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС (1969-71). Хатмкардаи факултаи таъриху филологияи Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (1975). Омӯзгори фанни таърих дар яке аз мактабҳои ноҳияи Фархор (1975‒77). Аз соли 1977 дар мақомоти амнияти давлатии ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон. Таҳсил дар курсҳои олии Комитети амнияти давлатии ИҶШС (1977-78) ва Институти разведкаи Комитети амнияти давлатии ИҶШС (ҳоло Академияи ба номи Ю. В. Андропови ш. Маскав; 1981-82). Корманди Намояндагии Комитети амнияти давлатии ИҶШС дар Афғонистон (1983-85). Корманди фаврӣ, сардори шуъбача, муовини сардори шуъбаи Комитети амнияти давлатии ЧШС Тоҷикистон (1985-89), корманди фаврии дастгоҳи маркази Комитети амнияти давлатии ИҶШС (1989-91). Муовини сардори раёсати КАМ дар минтакаи Кулоб (1991-92), раиси Комитети давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992-95), Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995-96), Вазири амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1996-99), муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999—2005), раиси Кумитаи давлатии ҳифзи сарҳадди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005-06), сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006-16).

Аз соли 2016 дар нафақа.

Ордену ҷоизаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо орденҳои Байрақи сурх (1989), Барои шуҷоати шахсӣ (1993), Спитамен (дараҷаи 1; 2013), Исмоили Сомонӣ (дараҷаи 2; 2006), Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС (1988), зиёда аз 20 медали Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.