Jump to content

Ҳоҷӣ Мурод

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳоҷӣ Мурод
Муродалӣ Хоҷаев
Таърихи таваллуд 17 июли 1942
Зодгоҳ ноҳияи Рашт
Пеша шоир

Ҳоҷӣ Муродрӯзноманигор, шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1993)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳоҷӣ Мурод (Муродалӣ Хоҷаев) 17 июли соли 1942 дар рустои Ялдамичи ноҳияи Ғарм (Рашти ҳозира) таваллуд ёфта, пас аз хатми мактаби ҳафтсолаву миёнаи махсус вориди факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин гардида, таҳсилро соли 1967 муваффақона ба итмом расондааст. Ҳамон сол дар нашрияи «Қаротегини Советӣ» ба фаъолият пардохта, баъдан дар Кумитаи радиову телевизиони Тоҷикистон ба сифати муҳаррир, дар рӯзномаҳои «Маориф ва маданият», «Маданияти Тоҷикистон» ва ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» ба ҳайси ходим ва мудири шуъба ифои вазифа доштааст. Аз соли 1987 дар нашриёти «Адиб» ба кор пардохта, дар вазифаҳои гуногун фаъолият бурдааст.Аз соли 2013 машғули фаъолияти эҷодист. Муддате дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумон ва котиби Сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ кор кардааст, ки заҳматҳояш бо ифтихорномаҳо ва ду нишони он кишвар қадрдонӣ шудаанд. Аз соли 1993 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Нахустин шеъри ӯ соли 1960 дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» ба табъ расидааст. Баъдан ашъори гуногунаш дар маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ва нашрияҳои мухталифи ҷумҳурӣ ба табъ расидаанд. Ҳамчунин, намунаҳои ашъораш дар авроқи маҷмӯаҳои «Суроғ» (1989), «Хӯшабанд» (1992), «Хокистари сиришк» (1996), «Исёни сукут» (2000), «Қаламрави таманно» (2003), «Бомдоди нилуфар» (2007) ва «Сувари фитрат» (2012) манзури алоқамандони каломи мавзун гардидаанд. Китоби «Хокистари сиришк»-и ӯ соли 1997 сазовори Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода гардидааст.

  • Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода (1997);
  • Ордени «Шараф» (1999).[1]
  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с.141 ISBN 978-99947-2-379-9