Jump to content

Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ
форсӣ: حاجی حسین کنگرتی
Таърихи таваллуд: 1868
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1917
Навъи фаъолият: ориф, шоир, хушнавис

Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ (форсӣ: حاجی محمد حسین کنگرتی‎; 1868, деҳаи Қарақамиш, Кангурт — 1917, Кангурт) — ориф, шоир, хаттот ва мутафаккири номдори тоҷик[1].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муҳаммадҳусайн мутахаллис ба Ҳоҷӣ соли 1868 дар деҳаи Қарақамиши Кангурти  Хатлон дар оилаи мирохур Раҳим ибни Зокирдевонбегӣ ба дунё омадааст[2]. Гузаштагони Ҳоҷӣ аз деҳаи Дашти Канаки Сарихосор буда, дар қишлоқи Тутқаволи Кангурт умр ба сар бурдаанд. Ҳоҷӣ Ҳусайн саводи ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифтааст. Баъд ба шаҳри Бухоро рафта, дар мадрасаҳои Турсунҷон ва Рашид таҳсилашро идома медиҳад. Шоир илмҳои расмии замонаш, сарфу наҳви забони арабӣ, фасоҳату балоғати шоирӣ, инчунин ҳунарҳои лаввоҳи, тарроҳи, саҳҳофи, наққоши, муҳркани ва хат- тотиро мукаммал аз бар кардааст.

Ҳоҷӣ Ҳусайн ҳангоми таҳсил ба шахсиятҳои шинохтаи илму адаби Бухоро, чун Ҳоҷӣ Рафеъ, Садри Зиё, Ҳомидхоҷаи Ҳомид, Мулло Бурҳони Муштоқӣ рафтуомад ва муносибати дӯстӣ дошт. Ӯ баъди таҳсил ба ҳаҷ меравад ва се сол дар Арабистон мемонад. Ӯ дар мамлакатҳои Фаронса, Ҳиндустон ва Эрон низ мусофират доштааст.

Ҳоҷӣ Ҳусайн баъди бозгашт дар зодгоҳи худ зиндагӣ ихтиёр мекунад ва дар яке аз мадрасаҳои Кангурт ба дарсдиҳӣ машғул мешавад.

Ҳоҷӣ Ҳусайн соли 1917 дар айни камолоти эҷодӣ аз олам чашм мепӯшад. Ӯ дар мазори ҳазрати Мавлавӣ Юсуф ба хок супурда шудааст.

Таълифот ва осор

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз Ҳоҷи Ҳусайн мероси гаронбаҳо боқи мондааст. Куллиёти шоир, ки соли 1913 дар шаҳри Тошканд ба табъ расидааст ва аз 6500 байт иборат мебошад.

Аз мероси адабии Ҳоҷӣ Ҳусайн 254 ғазал, 19 мухаммас, як мусаддаси 28 бандӣ, 97 рубоӣ, 13 таърихи манзум (бахшида ба сохтмону иморатҳои гуногун - ҳаммом, мадраса, қалъа дар Кангурт, Қаротегин, Ҳисор ва ғайра), 9 мактуби мансур ба шахсони гуногун ва муҳибон, манзумаҳои «Василату-н-наҷот», «Дабистони ибрат», «Таърихи ҷӯда», рисолаи таърихии «Мунтахабу-л-ахбор фи табақоти-с-салотин» ва маснавии «Комде ва Мадан» боқӣ мондааст[3].

Ҳамчунин, миқдори зиёди ашъори шоир дар маҷмӯаву баёзҳои оғози асри ХХ сабт гардидаанд. Аз ӯ рисолае бо номи «Ашколи хутути исломия» (дар бораи навъҳои хат ва хаттоти) то ба имрӯз расидааст[4].

Дар эҷодиёти Ҳоҷӣ Ҳусайн ғазал мавқеъи муносиб дошта, шумораи он ба 274 адад мерасад. Дар ғазалиёти Ҳоҷӣ таъсири ашъори Ҳофиз ва Бедил эҳсос мешавад. Ғазалиёти шоир, аксаран, равону салис ва пуробурангу рӯҳафзо мебошанд:

Намунаи ашъор

[вироиш | вироиши манбаъ]

Намедонам кадом ин соат он дилдор меояд,
Ки ҷони хаста ҳар дам бар лабам сад бор меояд.
Зи танги гӯшаи дил ҳам, надорад ҷои оромӣ,
Нафас бо сад тапиш мегардаду ночор меояд.
Хушат бод, эй таманно, он бути паймоншикан имшаб,
Кулаҳ бишкаста баҳри рухсати дидор меояд.
Баҳори офият дар боғи имкон нест нопайдо,
Ҳаводис дорад ошӯбе, ки бетакрор меояд.
Барои ганҷи дунё дасту пои орзӯ бишкан,
Ки ангушти тамаъ ин ҷо ба коми мор меояд.
Чи ҳикмат дар миҷози фитрати олист одамро,
Ки шаҳбозест, қутсӣ, дар пайи мурдор меояд.
Надорад кори некон холи аз ихлос таъсире,
Вагарна, дӯст чун Мансур зери дор меояд.
Зи парвози нафас ҳам роҳате пайдо намебинам,
Ки бо сад тобу таб аз қолаби афкор меояд.
Тавозӯ аз бадон, Ҳоҷи, наояд баҳри имдоде,
Ки ақраб бо каҷиҳо дар паи озор меояд.
Намедонам, кадом ин соат он дилдор меояд,
Ки ҷони хаста ҳар дам бар лабам сад бор меояд.

«Ашколи хутути исломия»

[вироиш | вироиши манбаъ]

Рисолаи «Ашколи хутути исломия»-и Ҳоҷӣ дар хусуси шаклҳои гуногуни хат ва хушнависӣ баҳс менамояд, ки дар соли 1906 дар Бухоро ба қалами худи муаллиф китобат шудааст. Дар он 63 навъи хатти арабӣ аз ҷумла: сулс, ёқутӣ, насх, кӯфӣ, риқоъ, моҳӣ, гулзор, нохунӣ, настаълиқи ҷалӣ, таълиқ, шикастаи таълиқ, настаълиқи хафӣ, исрор, қуръонии бухороӣ, қуръонии кашмирӣ, ғубор ва монанди инҳо нишон дода шудаанд, ки он ҳамчун яке аз асарҳои хуби хаттотӣ аз аҳаммият холӣ нест. Матни рисола баъзан ба забони арабӣ мебошад. Дар аввалу охири асар баъзе қайдҳои ҷудогона ва аз ашъори Ҳофизи шерозӣ намунаҳо оварда шудаанд. Ин асар 14 ноябри соли 1958 аз ҷониби сокини шаҳри Қурғонтеппа харидорӣ шуда, дар шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти рақами 492 нигоҳдорӣ мешавад[5].

  1. Абдулқодири Раҳим. Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ(тоҷ.). Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурият (1 феврали 2023). 15 феврали 2023 санҷида шуд.
  2. Муҳаммад Абдураҳмон. Ҳоҷӣ Муҳаммадҳусайни Хатлонӣ дар масири арзишҳои динию фарҳангӣ. Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1 марти 2019). 15 феврали 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 июли 2019.
  3. Давлат Сафар. Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ кӣ буд?(тоҷ.). Садои мардум (21 май 2019). 15 феврали 2023 санҷида шуд.
  4. Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ. Ансор. 15 феврали 2023 санҷида шуд.
  5. Ҳадиятуллоҳи Амриддин. Шасту се навъ ҳунари хаттотии Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ. old.kmt.tj. Китобхонаи миллии Тоҷикистон (2 июни 2017). 15 феврали 2023 санҷида шуд.
  • Ҳоҷӣ Муҳаммадҳусайн // Кӯлоб. Энсиклопедия. — Д.: СИЭМТ, 2006. — С. 582. — 640 с. — ISBN 5-89870-071-4.