Jump to content

Ҷумҳурият (рӯзнома)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ҷумҳурият)
Номи аслӣ «Ҷумҳурият»
Навъ 5 маротиба дар як ҳафта
Формат A2

Молик Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ношир Редаксияи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Сармуҳаррир Қурбоналӣ Раҳмонзода
Асосгузорӣ 15 марти 1925
Забон тоҷикӣ
Дафтари марказӣ Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16
Теъдод 51 520
Вебгоҳ jumhuriyat.tj

«Ҷумҳурият» — рӯзномаи ҷамъиятиву сиёси Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 2000) ба забони тоҷикӣ мебошад, ки 15 марти соли 1925 таъсис шудааст.

Ҳозир нашрияи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ношир - редаксияи рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва муассис - Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Мавзӯъҳои рӯзнома – шарҳу тавзеҳи рафти воқеаҳо дар Тоҷикистон ва ҷаҳон. Таҳлил ва шарҳи масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ ва ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мебошад.

Рӯзнома ба андозаи А – 2, дар 4-16 сахифа нашр мешавад. Дар як ҳафта 5 маротиба: душанбе то ҷумъа

Нахустшумораи рӯзномаи «Ҷумҳурият»-и кунунӣ 15 марти соли 1925 бо номи хушсадову умедбахши «Иди тоҷик» (бештар…) дар Душанбе ба табъ расида, воқеан ҳам барои ҷумҳурии тозатаъсиси Тоҷикистон ва миллати мутамаддини тоҷик рӯйдоди муҳими таърихӣ буд. Зеро замонаи бераҳм рӯшанфикронамонро нишони тир мекард, китобҳои ниёконамонро дар оташи ҷаҳолат месӯхт ва доираи амали забони тоҷикиро маҳдуд месохт. Мақсаду мароми рӯзнома аз шумораи дуввум, ки ба худ номи «Бедории тоҷик»-ро (бештар…) гирифт, мушаххасу равшантар гаштанд. Тоҷик воқеан ҳам беш аз ҳама ба бедории сиёсӣ ва худшиносии миллӣ ниёз дошт. Ва рӯзномаи «Бедории тоҷик» бо дарки масъулият ин рисолати бузургро бар дӯш гирифт. Минбаъд рӯзнома бо номҳои «Тоҷикистони советӣ» ва «Тоҷикистони шӯравӣ»(01.01.91) фаъолияти хешро давом дода ҳафтае 6 шумора ба табъ мерасид ва теъдоди нашри он аз ҳамаи нашрияҳои даврии замони шӯравӣ дар ҶШС Тоҷикистон зиёдтар будааст. Вобаста ба шароити давру сиёсати замон рӯзнома чанд бор тағйири ҳуруфу ном кард, вале ҳаргиз мавқею ҳадафи хешро тағйир надод. Аз оғоз то ба имрӯз ҳамеша дар дифои манофеъи давлату миллати тоҷик қарор дорад. «Ҷумҳурият» таърихи зиндаи Тоҷикистон ва мардуми он мебошад. Ҳама китобҳои таърихӣ пеши таърихе, ки рӯзнома онро бозгӯӣ мекунад, ноқис ба назар мерасанд. Агар аз он китобҳо чанд санади муҳимро пайдо намоем, аз рӯзнома ҳама чиро дарёфт кардан мумкин аст. Дар саҳифаҳои он на танҳо муаррих, балки сардори давлат, арбоби сиёсиву ходими ҷамъиятӣ, адибу омӯзгор, муҳандису пизишк, ҳунарпешаву варзишгар, коргари оддиву деҳқони хокпош ва, албатта, беш аз ҳама рӯзноманигор баромад карда, муҳимтарин ва қимматтарин маълумотро ба хонанда пешкаш менамоянд. Фарзандони барӯманди тоҷик дар равнақи рӯзномаи «Ҷумҳурият» фаъолона саҳм мегирифтанд. Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ яке аз муаллифони нахустини рӯзнома буд. Устод ин рӯзномаро «модари матбуоти Тоҷикистони советӣ» номида, бо истифода аз фурсатҳои фароҳамомада адибонро ба ҳамкорӣ ва мардумро ба рӯзномахонӣ ташвиқ менамуд. Қаҳрамони Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров низ солҳои сиюм аз муаллифони фаъоли рӯзнома буд ва бисёр мақолаҳои ҷолиби худро, ки ба таъриху фарҳанги миллати тоҷик бахшида шудаанд, маҳз дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба табъ расондааст. Қаҳрамони дигари Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода ҳам дар мақолаи худ «Аввалин газета, аввалин муъҷиза», ки ба ифтихори 50-солагии «Ҷумҳурият» навишта буд, аз эътиқоди самимии хеш ба ин рӯзнома ва нақши он дар муборизаҳо бо муҳаббати гарм ҳарф задааст.

Соли 1995 «Ҷумҳурият» мақоми нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифт ва чопи мунтазами он ба роҳ монда шуд. 14 марти соли 2000 бо фармони Президенти мамлакат «Ҷумҳурият» нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида шуд.

Дар солҳои гуногун чеҳраҳои шинохтаи Тоҷикистон, ба монанди Абулқосим Лоҳутӣ, Аминҷон Шукӯҳӣ, Ашӯр Ҳалимов, Шодӣ Саидов, Ғоиб Қаландаров, Ибод Файзулло, Нур Табаров, Мазҳабшо Муҳаббатшоев ва Шоҳмузаффар Ёдгорӣ сармуҳаррирони рӯзнома буданд. Аксари журналистони номдори кишварамон дар «Ҷумҳурият» кор кардаанд. Бисёр адибон, аз қабили Фазлиддин Муҳаммадиев, Фотеҳ Ниёзӣ, Мутеъулло Наҷмиддинов, Абдулҳамид Самадов ва диг. дар ҳамин даргоҳ ба қаламу сухан меҳр баставу дил бохта, пешаи сухангӯиро ихтиёр намудаанд. Рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар муборизаҳо барои манофеи миллӣ пешгому парчамбардор буд. Маҳз бо часпу талошҳои рӯзномаи «Ҷумҳурият» забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт. Саҳми рӯзнома дар боло бурдани дараҷаи худшиносии миллӣ ҳам шоистаи таҳсин аст.[1][2]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз рӯи раддабандӣ аз ҳама нашрияи серхонандатарин нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» (34%) мебошад. Сипас, бо фосилаи камтар нашрияи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон «Омӯзгор» (23,8%) ва нашрияи марказии ҲХДТ рӯзномаи «Минбари халқ» (22,2%) ҷойгир шудаанд. Тадқиқоте, ки аз ҷониби Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» гузаронида шуд, ба ин натиҷа расидааст.[3]