Ҳусейни Мунзавӣ
Таърихи таваллуд: | 23 сентябр 1946 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 5 май 2004 (57 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | форсӣ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ҳусейни Мунзавӣ (форсӣ: حسین منزوی; 23 сентябр 1946, Занҷон — 5 май 2004, Теҳрон) — шоир яке аз намояндагони шинохтаи арсаи ғазали форсӣ маҳсуб меёбад.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳусейни Мунзавӣ ва Симини Беҳбаҳонӣ баъд аз устод Шаҳриёр ду тан аз муассиртарину шоистатарин чеҳраҳои ғазали муосири Эрон ҳастанд. Ӯ бо интишори китоби «Ҳанҷараи захми тағаззул» мавқеияту ҷойгоҳи шоири худро тасбит кард. Навъи нигоҳи Мунзавӣ дар ин китоб комилан нав ва модерн аст. Ӯ дар дунёи зеҳниву отифии худ ва дар қаламрави ҷуғрофиёии шеъраш дунёеро ба тасвир мекашад, ки тоза аст ва диданӣ, дунёе, ки дар он ишқе зулол ғалаба дорад ва нолаҳо, хандаҳо, шикастанҳо, ғурубкарданҳо мутаассир аз иксири ишқ аст. Эҳсосе, ки дар ғазали Мунзавӣ аст, ҳамчун эҳсоси Ҳофиз ҳаргиз куҳна намешавад. Дар китоби дигари вай «Аз шавкарони шакар»-и ӯ таҷрибаҳои тозатаре мерасад ва тавонистааст миёни қолаби суннатӣ ва зеҳну забони имрӯзӣ иртибот барқарор кунад, аз ин рӯ аст, ки сабку равиши ӯ қобили тааммул ва таҳсин ва ҳатто улугирӣ аст. Дар дафтари дигари ӯ «Бо ишқ дар ҳаволии фоҷиа» низ ӯ ба уфоқҳои тозатаре мерасад ва шеъраш навтар мешавад, ба забони нави ғазал даст меёбад ва ба навовариҳое чи аз назари таркибу таъбир, чи аз назарӣ фоъили тозаи арӯзӣ ҳамчун Симини Беҳбаҳонӣ навовариҳое мекунад. Мунзавӣ дар ашъораш мекӯшад, ки зимни бархурдорӣ аз хислати адабӣ будан, таркибҳо ва таъбироти ашъораш бо дигар шуаро мутафовит бошад. Забони шеърии вай баръакси романтикҳо, лабрез аз вожагони табиатгаро барои тақвиятбахшии тасвирӣ нест, балки бар он аст то таркибе луғоти рӯзмарра, ки ҷанбаи шеърӣ доранд, бисозад ва бо вожагоне, ки аз шеъри суннатӣ вом гирифтааст, албатта бо баёневу либосе наву тоза. Отифа дар шеъри ӯ қавитарин бахши шеър аст. Ӯ дар бораи моҳияти отифии шеъраш мегӯяд: «Ишқ ба унвони ҳувияти аслии шеъри ман ҷо уфтодааст» ва сувари хаёл дар шеъри ӯ низ гирифтори «имиҷизм» ва асолат додан ба тасвир нашуда, ӯ тасвирро ҳамеша дар хидмати отифаи ғазал ба кор мегирад, ба вижа дар ғазалиёти ошиқона ва ин нуктаи муҳимме аст, ки Мунзавӣ онро ба хубӣ дарк кардааст, чаро ки ӯ дарёфтааст, ки вақте ҳаҷми тасвир зиёдтар ва зарфияти отифии ғазал мешавад, хонанда ба хубӣ эҳсос мекунад, ки отифаи ғазал қурбони бозиҳои тасвир шудааст. Аз назари мусиқии шеър ҳам ашъораш дархури таваҷҷуҳ аст. Яке аз ҷанбаҳои муҳими ҳунарии Мунзавӣ марбут ба ҳамин ҳавза мешавад ва ӯ афоъили арӯзиро аз шакли мусамман (ҳашттоӣ) ва мусаддас (шаштоӣ) афзоиш дода ва афоъил ва аркони арӯзиро ба (даҳтоӣ то дувоздаҳтоӣ) расондааст ва аз ин рӯ ҳамчун Симини Беҳбаҳонӣ зарфияти арӯзиро густариш додааст. Дар ниҳоят метавон гуфт, ки ғазалиёти Ҳусейни Мунзавӣ қобили баҳсу тааммулу андеша аст ва саршор аз навгароӣ ва эҳсосоту отифаи шоиронаи қавӣ тавъам бо пуштивонаи фарҳанги классику муосир. Ӯ низ ба қолаби шеъри нимоӣ ва ҳатто сапед низ таваҷҷуҳ дошт ва бо китобҳои «Бо ишқ тоб меовард» ва «Ба ҳамин содагӣ» дар майдони шеъри ғайриклассик низ табъозмоӣ кардааст.
Намунаи ашъор
[вироиш | вироиши манбаъ]Ояи шукуфоӣ
- Лабат сареҳтарин ояи шукуфоист
- Ва чашмҳоят шеъри сиёҳи гӯёист.
- Чӣ чиз дорӣ бо хештан, ки дидорат
- Чу ҷумлаҳои меҳолуд маҳву руъёист.
- Чӣ гуна васф кунам ҳаёти ғариби туро,
- Ки дар камоли зарофат камоли волоист.
- Ту аз маобиди Машриқзамин азимтарӣ,
- Кунун шукӯҳи туву буҳти ман тамошоист.
- Дар осмонии дарёи дидагони ту шарм
- Кушудаболтар аз мурғакони дарёист.
- Шамими ваҳшии гесӯи кулиат нозам,
- Ки хобноктар аз атрҳои саҳроист.
- Паноҳи ғурбати ғамноки дастҳое бош,
- Ки дардноктарин соқаҳои танҳоист.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Алиасғари Шеърдӯст. Шеъри муосири Эрон. Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон. — Душанбе.2012.- С.430