Ҳушёр (кӯл)
Макон | |
---|---|
39°11′ с. ш. 67°49′ в. д.HGЯO | |
Кишвар | |
Минтақа | Вилояти Суғд |
Ҳушёр [Hušyār] — номи кӯл аз силсилаи кӯлҳои Марғзор, дар дараи Шинги ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар натиҷаи селовард ва обоварҳои дарёчаи Гӯрдара банд шудани маҷрои дарёи Шинг ба вуҷуд омадааст. Тӯлаш 770 м, бараш ба ҳисоби миёна 130 м, чуқуриаш то 15 м, ҳаҷми об 0,73 млн.м³, масоҳати сатҳи об 0,10 км² мебошад. Манбааш асосан оби дарёи Шинг, ки он аз кӯли Нофин гузашта, ба Ҳушёр мерезад. Аз соҳили чапи кӯл дарёчаи Гӯрдара низ оби худро ба Ҳушёр мерезад. Пасту баландшавии солонаи сатҳи об чандон зиёд нест. Обаш ширин ва шафоф аст.[1]
Ҳушёр кӯле, ки бар ба бари кӯли Соя ҷой шудааст, Ҳушёр мебошад. Аз ин кӯл мардуми деҳаи Гурдара истифода мекунанд. Новобаста ба ном воқеан ҳам ин дара ғарки гул будааст ва гулистонеро мемонад. Якбора чанд намуди зиркро аз ин дара ҷамъовари кардан мумкин аст. Мардуми деҳоти гирду вано тиррамоҳ ба Гурдара барои зиркғункунӣ мефуроянд ва ин шуғли асосии эшон дар ин фасли сол мегардад. Ба зебоии Гурдара кӯли Ҳушёр ҳусни хосро зам кардааст. Ранги кӯли Ҳушёр бо кабудиш андак аз кулҳои дигар тафовут дорад, зеро рӯшантар аст.[2]
Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Ҳомидов Д. Р. Таҳқиқи забоншиносии гидронимҳои мавзеъҳои таърихии тоҷикнишин/Рисолаи докт. илми филол. — Душанбе, 2018. — С. 123. — 470 с.(тоҷ.)
- ↑ ТОҶИКИСТОН АЗ АФЛОК АСТ»/ТВ "Сафина". 29 июли 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 апрели 2016.
- Кӯлҳо аз рӯи алифбо
- Объектҳои обӣ ба тартиби алифбо
- ТАФ:ОО:Вироиши охирин: дар порсол
- Қуттии кӯл: пуркунӣ: Баландӣ аз сатҳи баҳр
- Қуттии кӯл: пуркунӣ: Масоҳат
- Қуттии кӯл: пуркунӣ: Масоҳати обанбор
- Қуттии кӯл: пуркунӣ: Дарозӣ
- Қуттии кӯл: пуркунӣ: Бар
- Қуттии кӯл: пуркунӣ: Ҳаҷм
- Ҷуғрофияи Тоҷикистон
- Кӯлҳои вилояти Суғд
- Мавзеъҳои табии Тоҷикистон