Ҳуҷра - студия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҳуҷра - студия одатан як хуҷраи хурд бе деворҳои дохилӣ мебошад, ки дар он ошхона, меҳмонхона ва хонаи хоб дар як утоқ ҷойгиранд. Дар ибтидои асри ХХ студияҳо хонаҳои хурди истиқоматӣ буданд, ки шумораи камтарини ҷиҳоз ва баъзан ҳаммоми муштарак дар ошёна доштанд.[1]

Айни замон ҳуҷра-студия дар қисматҳои гуногуни амволи ғайриманқул муаррифӣ карда мешаванд. Дар синфи эконом (сарфакорона) - ин хонаҳои масоҳаташон хурд мебошанд. Дар биноҳои боҳашамат инчунин ҳуҷра-студияҳои масоҳаташон калон мавҷуданд.

Дар кишварҳои гуногун[вироиш | вироиши манбаъ]

Аргентина[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Аргентина ҳуҷра-студияро “monoambiente” меноманд (ба забони испанӣ mono - як ва ambiente - ҳуҷра аст).

Олмон[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Олмон хонаи якҳуҷрагиро ба таври анъанавӣ “Garçonnière” (аз заб. фаронсавӣ garçon, ба маънои писар, ҷавон ё муҷаррад) ё Einzimmerwohnung (Ein - ба маънои як, Zimmer - як ҳуҷра ва Wohnung) меноманд.[2]

Гонконг[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Гонконг - студия як хонаи хурди масоҳаташ тақрибан 10 метри мураббаъ, инчунин ҳаммом ва ошхона мебошад. Андозаи ҳадди ақали масоҳати хонаи истиқоматӣ андозаи истгоҳи мошин аст.[3] [4]

Канада[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Канада студияро “bachelor” (ҳуҷраи шахси муҷаррад) меноманд.

Португалия[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Португалия ҳуҷра-студия ишораи T0 (T-Zero) доранд, рақами 0 маънои онро дорад, ки дар хона утоқҳои ҷудоии хоб вуҷуд надоранд.[5]

Шветсия[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Шветсия ҳуҷра-студияро etta, “воҳид” меноманд. Масоҳати онҳо одатан аз 20 то 40 м² аст.[6]

ИМА[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Иёлоти Муттаҳида андозаи миёнаи студия 46–56 м² аст.[7]

Япония[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Япония ҳуҷра-студияи масоҳаташ тақрибан 10 м²-ро “wan rūmu manshon” (хонаи боҳашамати якҳуҷрагӣ) меноманд.[8]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Monoambiente. monoambiente.com.ar. 11 Январ 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 Январ 2022.
  2. Недвижимость в Германии: стоит ли покупать, цены, лучшие регионы!. egrp.ru. 11 Январ 2022 санҷида шуд.
  3. [https://journal.tinkoff.ru/hong-kong/ Жизнь в Гонконге - Дорогая недвижимость, отсутствие личного пространства и тайфуны]. journal.tinkoff.ru. 11 Январ 2022 санҷида шуд.
  4. 迷你71呎開放式單位= 1個標準車位 點放傢俬好?. topick.hket.com. 11 Январ 2022 санҷида шуд.
  5. Buying property in Portugal as a foreigner. wise.com. 11 Январ 2022 санҷида шуд.
  6. Ett = One (1) & A; Etta = One-room flat. gothenburg-400.com. 11 Январ 2022 санҷида шуд.
  7. The Truth About Apartment Square Footage. hotspotrentals.com. 11 Январ 2022 санҷида шуд.
  8. Жильё в Японии (современные и традиционные дома). miuki.info. 11 Январ 2022 санҷида шуд.