ҶСП «Норд Азия Металл»

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

ҶСП «Норд Азия Металл» - корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшида дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд воқеъ аст. Таъсис: сентябри соли 2016

Таърих[вироиш]

13 сентябри соли 2016 дар ноҳияи Спитамани вилояти Суғд бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи ҶСП «Норд Азия Металл» баргузор гардид. ҶСП «Норд Азия Металл» самараи ҳамкориҳои манфиатбори доираи соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад. Сохтмони корхона соли 2014 оғоз гардида барои бунёд ва васлу насби таҷҳизоти муосир дар он беш аз 23 млн. сомонӣ масраф шудааст, ки 11 млн. сомонии онро арзиши таҷҳизоту технологияҳои корхона ташкил медиҳад. Дар корхонаи навбунёд асосан қубурҳо ва профилҳои металии даврашакл ва чоркунҷашакл истеҳсол шуда иқтидори солонааш 60 ҳазор тонна металл мебошад. Ба ҳисоби маблағ корхона дар як сол дар ҳаҷми 50 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда ҳамсола 12 млн сомонӣ андоз месупорад. Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Норд Азия Металл” аз бинои маъмурӣ ва коргоҳҳои истеҳсолӣ иборат буда шароити мувофиқи корӣ дорад. Баробари мавриди истифода қарор гирифтани ин корхона беш аз 120 нафар соҳиби ҷойи корӣ гардида 2500 сомонӣ ва аз он зиёдтар маош мегиранд. [1][2]

Эзоҳ[вироиш]