Ҷавлон-ҷавлон (бозӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҷавлон-ҷавлон

Бозигарони ҳар ду даста давра карда, дар замин менишастанд ва сармирҳо дар мобайни давра ҷой мегирифтанд. Сармирҳо пешакӣ бо ҳам маслиҳат карда, номи ягон гулро интихоб мекарданд ва аз ҳар як иштирокчӣ онро мепурсиданд. Бозигаре, ки он номи гулро меёфт, рўймоли миёнбанди худро тоб дода, дурра месохт ва бачаҳои дигарро таъқиб мекард. Бачаҳо, ба ҳар тараф мегурехтанд. Пас аз чанд лаҳзаи суросурӣ сармирҳо “ҷавлон-ҷавлон” гуфта, дод мезаданд. Бозигари рӯймолчадор ин фармонро шунида, зуд бояд худро ба назди сармирҳо мерасонид. Дар Рашту Дарвоз нимфаъол аст.[1]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

1. Нурджанов Н. Игры // Таджики Каратегина и Дарваза. Д., Вып. 3, 1976. 2. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.2. Д., 2016.

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Манобеъ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 204