Jump to content

Ҷигар, ҷигар (бозӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҷигар, ҷигар, Бобо-бобо

Писарону духтарон дар майдонча ба шакли нимдавра истода, дастони якдигарро медоранд. Дар пеши ин қатори [[бозигар]он сармир меистад ва бо бачаҳо суолу ҷавоб мекунад: Ҷигар, ҷигар! Бачаҳо: Ҷони ҷигар. Сармир: Дилсӯхтаям! Бачаҳо: Биё, гузар. Сармир: Ба дарвозаи кӣ? Бачаҳо: Ба дарвозаи Суҳроб (ё номи ягон бозигари дигарро мегиранд). Сармир: Ба овози чӣ? Бачаҳо: Ба овози карнай (доира, дутор, ё ягон сози мусиқии дигар). Сармир дастҳоро ба даҳон карнайвор монда, садои карнайро тақлид карда, дигарон дастони ҳамдигарро дошта, занҷирвор аз таги дасти Суҳроб мегузаранд ва бозигари пеш аз Суҳроб ҷойгирифта дастонаш дар пеши бараш баста мешавад. Ҳамин тариқ то ба охирин бозигар ҳама аз зери дастони шахсони номбаршуда мегузаранд. Дар Ашт, Хуҷанд, водии Ҳисор, Бадахшон нимфаъол аст.[1]

  • Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.2. Д., 2016.
  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 205