Ҷав чанд ман?

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Ҷав чанд ман?» (бозӣ)

Бачаҳо дар майдонча ё боғчае ҷамъ омада, ба ду даста тақсим мешаванд ва ду нафарро сармир интихоб менамоянд. Дастаҳо дар ду тарафи майдон саф кашида, сармирҳо дар мобайни майдон бо ҳам машварат мекунанд, ки ҷавро чанд ман гўянд. Сармирҳо бо навбат аз аъзои дастаи худ чанд ман будани ҷавро мепурсанд: Сармир: Ёрон, ёрони мо! Бачаҳо: Даҳӣ дар миёни мо. Сармир: Ҷав чанд ман? Бачаҳо рақамҳоро гуфтан мегиранд ва дар охир шумораи пинҳонкардаи сармирҳоро меёбанд. Кадом дастае, ки чанд ман будани ҷавро дарёфт ғолиб ҳисоб мешавад. Дар Истаравшан, Шаҳристон, Балҷувон нимфаъол аст.[1]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • 1. Амонов Р. Қиссаи диёри чашмасор. Д., 1995. 2. Турсунов Н. “Ҷав чанд ман?” // ЭСТ, ҷ. 8. Д., 1988, с.434; 3. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.2. Д., 2016.

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Манобеъ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 204