Jump to content

Ҷазираи Врангел

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷазираи Врангел
русӣ: Остров Врангеля
Нигора
Радаи манотиқи ҳифозатшудаи IUCN IUCN category Ia: Strict Nature Reserve[d][1]
Номида ба шарафи Врангел, Фердинанд Петрович
Кишвар
Воҳиди марзию маъмурӣ Chukotka Autonomous Okrug[d]
Минтақаи замонӣ UTC+12:00[d]
Ҷойгир аст дар назди обанбори Уқёнуси яхбастаи шимолӣ
Шумораи аҳолӣ
  • 0 тан
Баландӣ аз сатҳи баҳр 1 096 м
Таърихи кашф 1764
Дарозӣ
  • 150 км
Бар 80 км
Масоҳат
  • 7 600 км²
 Парвандаҳо дар Викианбор

Врангел — ҷазира дар Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ, дар сарҳадди баҳрҳои Сибири Шарқӣ ва Чукот.

Аз материк ба воситаи гулӯгоҳи Лонг ҷудо аст. Масоҳаташ тақр. 7300 км², дарозиаш 150 км, бараш 70 км, баландиаш то 1096 м. Кӯлҳои хурд бисёранд. Соҳилҳояш паст, кӯлҳо ва забонаҳои регӣ дорад. Асосан аз филлитҳо, варақсангҳои кристаллӣ, граниту гнейсҳо иборат аст. Иқлимаш сард. Ҳарорати миёнаи январ аз −21,30 то −23,30°С. Тобистонаш кӯтоҳу салқин, ҳарорати миёнаи июл 2-2,5°С. Ҷазира тамоми сол дар иҳотаи яхҳост. Дар кӯҳҳо пиряхҳои хурд мавҷуданд. Набототаш тундрагӣ. Аз ҳайвонҳо: леминг, рӯбоҳи шимолӣ ва аз парандаҳо ғоз, кайра ва ғ. вомехӯранд. Дар ҳудуди Врангел мамнуъгоҳи Ҷазираи Врангел мавҷуд аст, ки ба Феҳристи Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шудааст. Ба ҷазира номи баҳрнаварди рус Ф. П. Врангел дода шудааст.

  1. Всемирная база данных охраняемых природных территорий — 1981.
  • Ушаков Г. А., Остров метелей (Остров Врангеля): По нехоженой земле. М., 1890;
  • Новая российская энциклопедия. Т. IV (1). М., 2007.