Jump to content

Ҷазираҳои Антил

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҷазираҳои Антил (испанӣ Antillоs) — галаҷазира дар Вест-Индия, байни Америкаи Шимолӣ ва Америкаи Ҷанубӣ.

Аз нимҷазираи Флорида то соҳили Венесуэла (4020 км кашол ёфтааст) воқеъ буда, Баҳри Кариб ва халиҷи Мексикаро аз Уқёнуси Атлантик ҷудо мекунад, якҷоя бо ҷазираҳои Багам Вест-Индияро ба вуҷуд меоварад. Ҷазираҳои антил ба антили Калон (Куба, Гаитӣ, Ямайка, Пуэрто-Рико) ва антили Хурд (ҷазираҳои Виргин, Бодрӯя ва Бодпанаҳ, Тринидад ва Тобаго, Барбадос ва ғайра) тақсим мешаванд. Масоҳаташ 220 ҳазор км2. Аҳолиаш зиёда аз 34 млн нафар (2009), бештар америкоиҳои африкоинажод.

Пайдоиши ҷазираҳо материкию вулқонӣ буда, қисми зиёди сатҳашон кӯҳсоранд. Куба, ҷан. шарқи Гаитӣ, инчунин ҷазираҳои Виргину Бодпанаҳро ҳамвориҳо фаро гирифтаанд. Баландии ҷазираҳои антили Калон то 3175 м (дар Гаитӣ). Ноҳияи ҷазираҳои антил (ғайр аз қисми ҳамвории Куба) серзилзила буда, вулқонҳои амалкунанда бисёранд (Суфриер, Монтан-Пеле ва ғайра). Иқлими антил — тропикии сернам. Боришоти солона 1200—2000 мм. Дар нишебиҳои бодрӯя то 5000 мм, дар ҷойҳои бодпанаҳ — 700—800 мм. Охирҳои тобистон тӯфонҳои сахт рӯй медиҳанд. Наботот дар ҷазираҳои антил (бешаҳои тропикии баргрези ҳамешасабз ва буттазору саваннаҳо) кам боқӣ мондаанд. Дар нишебиҳои бодрӯяи кӯҳҳо бешаҳои ҳамешасабз мавҷуданд. Наботот дар қисми шимолӣ бештар ва қисми ҷанубӣ камтар ба назар мерасад. Олами ҳайвоноташ хеле камбағал аст. Ғайр аз ҳайвоноти хонагии европоиён ба ин ҷо оварда, миқдори бисёри калтакалосҳо ва парандагон ба назар мерасанд. Дар антил канданиҳои фоиданоки никел, хромит (Куба, Гаитӣ), бокситҳо (Ямайка), тило ва нуқра мавҷуданд.

Ҳудудҳои ҳифзшавандаи антил: Боғҳои миллии Синт-Кристоффел (ҷазираҳои Кюрасао), Вашингтон-Слагбай (ҷазираи Бонайре), Парки баҳрии Бонайре ва ғайра Дар ҷазраҳои антил давлатҳои Антигуа ва Барбуда, Барбадос, Гаитӣ, Доминика, Республикаи Доминика, Куба, Сент-Винсент ва Гренадина, Сент-Китс ва Невис, Сент-Люсия, Тринидад ва Тобаго, мулкҳои ИМА, Британияи Кабир, Франсия ва Нидерланд воқеанд. Як қисми ҷазираҳо ба Венесуэла тааллуқ доранд.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]