Ҷазираҳои Вирҷин
англ. Virgin Islands | |
Аҳолӣ | Virgin Islander, virgulinsulano, neitsytsaarelainen ва virgenense |
---|---|
Кишвар | |
Ҷойгир аст дар назди обанбори | Баҳри Кариб |
Мавқеият | Lesser Antilles[d] |
Баландтарин нуқта | Mount Sage[d] |
Electrical plug type | NEMA 1-15[d][1] ва NEMA 5-15[d][1] |
Масоҳат |
|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ҷазираҳои Вирҷин (англ. Virgin Islands) — гурӯҳи беш аз 100 ҷазираи хурди пайдоишашон вулканӣ ва марҷонӣ дар қисми шимолии галаҷазираи Антили Хурди Вест-Индия. Масоҳати умумии ҷазираҳо 0,5 ҳазор км². Аҳолиаш 134 ҳазор нафар (2013).
Релйефаш ноҳамвор, дар баландии то 521 м аз с. б. ҷойгир шудаанд. Иқлими Вирҷин тропикии сернам, бис ёр вақтҳо тӯфон рух медиҳад. Набудани хокҳои серҳосил ва обҳои ҷории рӯйизаминӣ ба инкишофи кишоварзӣ монеъ мешаванд. Аҳолӣ ба чорводорӣ ва зироати найшакару сабзавот машғул аст. Аз Вирҷин қанд, ром, маҳсулоти чорво содир карда мешаванд. Сайёҳӣ инкишоф ёфтааст. Вирҷин мулки Британияи Кабир (маркази маъмуриаш Род-Таун) ва ИМА (маркази маъмуриаш Шарлотта-Амалия) мебошад. Вирҷин-ро соли 1493 Христофор Колумб кашф карда буд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 World Plugs / зери таҳрири International Electrotechnical Commission
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вирҷин // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.