Jump to content

Ҷалол Камолов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷалол Камолов
Камолов Ҷалол Асадович
собиқ вакили маҷлиси намояндагони маҷлиси олии ҷумҳурии тоҷикистон

Таваллуд

Камолов Ҷалол Асадович — узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, аз 17 марти соли 2005 то марти 2010. 23 ноябри соли 1959 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

23 ноябри соли 1959 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Баъд аз хатми факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлитии педагогии шаҳри Душанбе фаъолияти кориашро аз мактаби миёнаи №8, ноҳияи Панҷакент оғоз намуда, сипас аз соли 1986 то соли 1995 дар вазифаи котиби масъули комиссияи кор бо ноболиғони комиҷроия, мудири шуъбаи умумӣ, идоракунандаи мудирияти корҳо, котиби комитети иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Панҷакент кор кардааст.

Соли 1995 ба вазифаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр таъйин шуда, то соли 2005 дар вазифаҳои мудири шуъбаи шаҳрии фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мудири шуъбаи маорифи Ҳукумати шаҳри Панҷакент адои вазифа намудааст.

Соли 2005 Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзи интихоботии Панҷакент №21 интихоб шудааст.

Соли 2011 ба вазифаи мушовири калони Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуда, аз моҳи июли соли 2012 дар вазифаи мудири шуъбаи умумии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда истодааст.

Оиладор, сохиби се фарзанд аст.