Jump to content

Ҷалол Латипов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷалол Латипов
Таърихи таваллуд 15 июн 1938(1938-06-15) (86 сол)
Зодгоҳ Хуҷанд, вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ физика
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Ҷоизаҳо Аълочии маорифи Тоҷикистон

Ҷалол Латипов (тав. 15.06.1938) ноҳияи Ғафуров , вилояти Суғд — олим, омӯзгор, номзади илмҳои физика-математика, профессор. Аълочии маорифи Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1961 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ихтисос: муаллими физика.

Солҳои 1961 – 1975 - Лаборант, лаборанти калон, ходими хурди илмӣ, аспиранти Пажӯҳишгоҳи физикии Замин ва атмосфераи Академияи илмҳои Туркманистон, ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон.

Солҳои 1975-1978 - дотсенти кафедраи физикаи назариявии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.

Солҳои 1978 – 1987, 1993 – 1996 - декани факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.

Солҳои 1987 – 1993, 1996 – 2007 – мудири кафедраи физикаи назариявии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.

Аз соли 2007 то ҳоло профессори кафедраи физикаи назариявӣ ва методикаи таълими физикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.[1]