Ҷаъфари Табрезӣ
Зодгоҳ: | |
---|---|
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | хушнавис |
Солҳои эҷод: | 1412[1] — 1431[1] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Мирзо Ҷаъфар ибни Алии Табрезӣ (форсӣ: میرزا جعفر بن علی تبریزی), маъруф ба Бойсунғурӣ (форсӣ: بایسنغری, Табрез — Ҳирот) — хаттоти форс-тоҷик, яке аз нахустин устодони хатти настаълиқ дар асри 15.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аслан аз мардуми Табрез буд, вале ба сабаби иқомати тӯлонӣ дар Ҳирот ба Ҳиравӣ машҳур шудааст. Баъдан аз Ҳирот ба Мовароуннаҳр сафар карда, се сол дар Балх монд, сипас ба Хоразм рафт, як сол дар Самарқанд зиндагӣ кард ва дар Бухоро даргузашт. Бойсунғурӣ аввал дар Табрез дар дарбори Мироншоҳ ибни Темур ба сар мебурд. Баъд дар дарбори Шоҳрухи Темурӣ тарбият ёфт, аз таваҷҷуҳ ва ҳимояи шоҳзода Бойсунғур Мирзо бархурдор буд ва бо ӯ хешӣ дошт. Лақаби дигараш «Айнулаъён» буд ва Султоналии Қоинӣ ӯро «Қиблатулкуттоб» номидааст.
Бойсунғурӣ дар кохи Чилсутуни Бойсунғур Мирзо китобат мекард ва сарвари чиҳил котиб ва хушнависи китобхонаи ӯ буд. Ӯ дар ривоҷи хатти настаълиқ кӯшиши бисёр намуд ва дар андак муддате онро мақбули хоссу ом кард. Вай ин хатро аз устодаш Мирабдуллоҳ фарзанди Миралии Табрезӣ (Ҳиравӣ) омӯхт ва дар он аз устодаш низ бартар шуд. Шогирди мавлоно Шамсуддин (Муншии Қумӣ) ва дар «хатти усул» шогирди Шамсуддин Қутобии Машриқӣ буд. Бойсунғурӣ бо он ки дар хатти настаълиқ шуҳрати бештар дошт, хатҳои дигарро устодона менавишт. Ӯ бо тарбияи шогирдон дар анвои хатҳо ба пешрафти хаттотӣ дар Эрон ёрӣ дод. Шогирдони маъруфи ӯ Азҳари Табрезӣ (дар хатти настаълиқ), Шайх Маҳмуди Зарин (дар хафинависӣ), Абдулҳай Муншии Астарободӣ (дар хатти таълиқ), Абдуллоҳи Таббохи Ҳиравӣ (дар хатти усул саромад буд) буданд. Бойсунғурӣ илова бар хаттотӣ шеър низ мегуфт. Осори барҷомондаи ӯ бархе дар Эрон ва қисми бисёрашон дар китобхонаҳои ҷаҳон маҳфузанд, ки муҳимтаринашон инҳоянд: «Шоҳномаи Бойсунғурӣ» (дар музейи Кохи Гулистон, рақами 4752), девони ашъори Ҳасани Деҳлавӣ, «Куллиёт»-и Ҳумоми Табрезӣ (Китобхонаи миллии Порис), нусхае аз девони Ҳофизи Шерозӣ (Осорхонаи осори исломӣ ва турк дар Истанбул), нусхае аз «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ (ҳамон ҷо).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бойсунғурӣ / Н. Шарипов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.