Jump to content

Ҷетисой

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шаҳр
Ҷетисой
Жетісай
40°46′31″ с. ш. 68°19′38″ в. д.HGЯO
Вилоят Туркистон
Мақом маркази ноҳия
ноҳия Ҷетисой
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 1951
Шаҳр аз 1969
Навъи иқлим континенталӣ
Минтақаи замонӣ UTC+6:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 24 484 тан (2019)
Миллият қазоқҳо, русҳо, тоҷикон, ӯзбекҳо ва ғ.
Эътиқодот мусулмонон, насрониён
Забони расмӣ қазоқӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +7 72534
Нишонаи почта 160500 ва 160501
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Ҷетисой дар харитаи
Ҷетисой
Ҷетисой

Ҷетисой (қаз.: Жетісай) — шаҳрест дар Қазоқистон, маркази ноҳияи Ҷетисойи вилояти Туркистон.

Масофа аз Туркистон 393 километр аст.

Он соли 1939 ба муносибати азхудкунии заминҳои пахтакорӣ ва сохтмони канали обёрӣ таъсис ёфт.

4 майи соли 1993 бо қарори Президиуми Шӯрои Олии Қазоқистон транскриптсияи номи шаҳри Джетисай ба забони русӣ ба Жетисай иваз карда шуд [1].

Дар шаҳр заводҳои пахтатозакунӣ, пивою нон мавҷуданд; сехи истеҳсоли равғани сабзавот ва пахта низ ҳаст.

Донишгоҳи Сирдарё ва Театри драмавии қазоқӣ ба номи К. Ҷондорбеков дар ҳаминҷо ҷойгиранд.

Аз байни шаҳр роҳи оҳани Тошкент — Сирдарё — Бухоро мегузашт. Айни замон роҳи таъмиршудаи Ҷетисой — Чимканд — Алмата аз инҷо мегузарад.

То соли 2018 он маркази ноҳияи Пақтаарал буд.

Дар соли 1999, аҳолии шаҳр 30,487 нафар (14,727 мард ва 15,760 зан) буд [2]. Аз рӯи барӯйхатгирии соли 2009, дар шаҳр 36,494 нафар (17,437 мард ва 19,057 зан) зиндагӣ мекарданд [2].

Дар аввали соли 2019 шумораи аҳолии шаҳр 24 484 нафар (13 146 мард ва 11 338 зан) буд.

Ҷетисой яке аз гармтарин шаҳрҳои Қазоқистон аст. Шаҳр иқлими континенталӣ субтропикӣ дорад. Дар фасли зимистон назар ба тобистон хеле зиёд бориш аст, аммо дар давоми сол бориш ночиз аст. Таснифи иқлими Коппен Csa мебошад. Ҳарорати миёнаи солонаи шаҳр 15,6 °C аст. Бориши солона 344 мм аст.

  1. Постановление Президиума Верховного Совета Республики Казахстан от 4 мая 1993 года № 2001 «Об упорядочении транскрибирования на русском языке казахских топонимов, наименовании и переименовании отдельных административно-территориальных единиц Республики Казахстан».
  2. 2.0 2.1 Итоги Национальной переписи населения Республики Казахстан 2009 года. Агентство Республики Казахстан по статистике. 15 Январ 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 феврали 2013.