Jump to content

Ҷумҳурии Федеролии Олмон (1949—1990)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷумҳурии Федеролии Олмон (1949—1990)
23 май 1949 — 3 октябр 1990


Дирафш[d] Нишон[d]
Гимн[d]
Пойтахт Бонн
Забон(ҳо) олмонӣ
Воҳиди пул Deutsche Mark[d]
Майдон
  • 248 577 км²
Аҳолӣ
  • 63 250 000 тан (1990)
Шакли ҳукмронӣ federal parliamentary republic[d] ва Ҷумҳурии порлумонӣ

Олмони Ғарбӣ (Германияи Ғарбӣ), расман Ҷумҳурии Федеролии Олмон (Республикаи Федеративии Германия) (ба олм. Bundesrepublik Deutschland), — 23 майи соли 1949 дар қаламравҳои ишғолнамудаи Олмони фашистӣ (зери тасарруфи 3 давлати иттиҳоди зиддифашистӣ) — ИМА, Англия ва Фаронса таъсисёбии Ҷумҳурии Федеролии Олмон эълон карда шуд. Дар назар дошта шуда буд, ки баъдтар қаламравҳои боқимондаи Олмони Шарқӣ ҳам ба ҳайати Ҷумҳурии Федеролии Олмон дохил мешаванд, ки ин дар моддаи махсуси 23 Конститутсияи ҶФО пешбинӣ шуда буд.

Ба сабаби ишғоли Берлин ва додани мақоми махсус, пойтахти давлат муваққатан ба шаҳри музофотии Бонн кӯчонида шуд.  Дар худи ҳамон сол, 7 октябри соли 1949 Ҷумҳурии Демократии Олмон дар минтақаи ишғолнамудаи Иттиҳоди Шӯравӣ, ки пойтахти он Берлин мебошад (воқеан, танҳо қисми шарқии шаҳр дар зери назорати ҶДО буд) эълон карда шуд. Дар моҳи августи соли 1961 дар маҷлиси Бюрои Сиёсии Ҳизби ягонаи сотсиалистии Олмон ва дар Шӯрои Вазирони ҶДО дар бораи бастани сарҳади Берлини Ғарбӣ ва сохтани девори Берлин қарор қабул карда буд. Дар давоми чил соли минбаъда ҳар ду давлати Олмон дар як вақт вуҷуд доштанд;  Дар баробари ин то ибтидои солҳои 70-ум ҳукуматдорони Олмони Ғарбӣ мавҷудияти ҶДО-ро қатъиян эътироф намекарданд ва аз солҳои 70-ум ба роҳи қисман эътирофи он дохил шуданд. Пас аз суқути девори Берлин 9 ноябри соли 1989 қаламрави (ҶДО) тибқи моддаи 23 Конститутсияи ҶФО ба Ҷумҳурии Федеролии Олмон дохил карда шуд. Дар баробари ин пойтахти Ҷумҳурии Федеролии Олмон ба шаҳри Берлин баргардонида шуд.