Бонн
| Шаҳр | |||||
Бонн | |||||
|---|---|---|---|---|---|
| Bonn | |||||
| | |||||
|
|||||
| 50°44′15″ с. ш. 7°05′54″ в. д.HGЯO | |||||
| Кишвар |
|
||||
| Музофот | Райн-Вестфалени шимолӣ | ||||
| ноҳия | (шаҳри озод) | ||||
| Тақсимоти дохилӣ | 4 ноҳия / 51 маҳалла | ||||
| Шаҳрдор | Катя Дӯрнер (B’90/Grüne) | ||||
| Таърих ва ҷуғрофиё | |||||
| Таъсис | асри I то милод | ||||
| Аввалин номбарӣ | 13–9 то м. | ||||
| Номҳои пешина | Bonna, Castra Bonnensia | ||||
| Масоҳат | 141,06 км² | ||||
| Баландии марказ | 60 м | ||||
| Навъи иқлим | Иқлими уқёнусӣ | ||||
| Минтақаи замонӣ | UTC+2:00, летом UTC+3:00 | ||||
| Аҳолӣ | |||||
| Аҳолӣ | 340 226 тан (01.01.2025) | ||||
| Зичӣ | 2 412 тан/км² | ||||
| Миллият | мардуми олмонӣ ва 180 миллат | ||||
| Эътиқодот | насронӣ, ислом ва дигарон | ||||
| Забони расмӣ | олмонӣ | ||||
| Шиносаҳои ададӣ | |||||
| Пешшумораи телефон | 0228 | ||||
| Нишонаҳои почта | 53111–53229 | ||||
| Коди мошин | BN | ||||
| Рамзи мушаххаси субъекти худидоракунӣ | 05314000 | ||||
|
|
|||||
| bonn.de (олмонӣ) | |||||
|
|
|||||
Бонн (олмонӣ: Bonn; талаффузи олмонӣ: [bɔn] (гӯш кардан )) — яке аз шаҳрҳои қадимтарини Олмон, дар соҳили рӯди Райн.
Аз соли 1949 то 1990 пойтахти Ҷумҳурии Федеролии Олмон буд; то соли 1999 вазифаи маркази ҳукумати федералиро иҷро мекард. Имрӯз Бонн бо ҷойгирии 26 созмони СММ, қароргоҳҳои ширкати «Deutsche Telekom» ва «DHL Group», инчунин чанд вазоратхона ба унвони «шаҳри федеролӣ» маъруф аст. Аҳолии шаҳр 340 226 нафарро ташкил медиҳад (1 январи 2025).
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар асри 1 то м. дар ҷойи истеҳкоми ҳарбии легионерони румӣ (Кастра Боннезия) бунёд шудааст. Аз соли 1244 шаҳр. Аз соли 1815 дар ҳайати ПРусия. Солҳои 1949-91 пойтахти ҶФО буд. Бонн маркази маъмурию сиёсии муҳим аст. Баъди ба Берлин кӯчидани пойтахти Олмони муттаҳидшуда дар Бонн як қатор вазоратҳо ва дигар мақомоти олии федералӣ, созмонҳои байналмилалӣ, сафоратхонаҳо, консулгарии бисёр давлатҳо, намояндагиҳои ВАО боқӣ монданд.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Бонн корхонаҳои нассоҷӣ, электротехникӣ, фабрикаҳои истеҳсоли мебел барои идораҳо, маводди канселярӣ ва дастгоҳҳои табъу нашр фаъолият доранд. Соли 1990 Маркази илмӣ-таҳқиқотии аврупоии пешқадами «Сезар» таъсис ёфт. Дар Бонн хидматрасонии молиявӣ ва суғуртавӣ васеъ ривоҷ ёфтааст. Сайёҳӣ низ тараққӣ кардааст. Дар Бонн донишгоҳ (1777), академияи педагогӣ, қариб 20 Институти таҳқиқоти илмӣ, театрҳо, толорҳои консерт, консерватория, осорхонаи бадеии академӣ дар назди донишгоҳ, осорхонаи бостоншиносӣ, таърихи дақиқ, Осорхонаи инфиродии Людвиг ван Бетховен (дар Бонн таваллуд шудааст) ва боғи ботаникӣ мавҷуд аст. Аз ёдгорҳои меъморӣ Калисои ҷомеи романии Санкт-Кассиус-унд-Флоренсиус (асрҳои 12-13), Калисои готии Санкт-Ремигиус (асрҳои 13-14) боқӣ мондаанд. Бонн ҷойи баргузории конгрессҳо, анҷуманҳо, намоишгоҳҳои байналмилалӣ аст. Дар Бонн фестивалҳои байналмилалии санъати театрӣ, фестивали мусиқии Бетховен ва фестивали филмҳои беовоз баргузор мешаванд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бонн // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сомонаи расмии Бонн(олмонӣ)(англ.)(фр.)(исп.)