Ҷум ҷаҳе, ҷум ҷаҳала

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Ҷум ҷаҳе, ҷум ҷаҳала» – рақси анъанавии мардонаи тоҷикон аст.

Тавсифи мухтасар[вироиш | вироиши манбаъ]

Рақси мардона аз тарафи як гурӯҳи раққосон таҳти навозиши усули дашнободии доира ва овози худи раққосҳову навозандагон – «Оҳ, ҷаҳе»- «ҷум ҷаҳала», «ҷаҳ ҷаҳе»- «ҷум ҷаҳала», «ҷум ҷаҳе, ҷум ҷаҳала» иҷро мегардад. Ин рақс дар байни мардумии вилояти Суғд, ҳавзаи дарёи Зарафшон, шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор, Шаҳринав, Турсунзода, Рудакӣ, Ваҳдат, маъмул аст. Он таҳти навозиши доира оғоз меёбад, сипас доира хомӯш мешавад ва раққосон бозиро бо хониш ва қарсакзаниҳои шӯх идома медиҳанд. Навозиши доира бо зарби мусиқии 6/8 иҷро мешавад. Дар асрҳои миёна ин рақс хусусияти эътиқодӣ доштааст ва аз тарафи дарвешон иҷро мегардидааст. Аз асри ХХ инҷониб ин рақс дар иҷрои як нафар ва ё гурӯҳи раққосон дар ҷашнҳои халқӣ, тӯйҳо, маъракаҳои мардона рақсида мешавад. Мардҳо дар давра истода, ба як нафар «О ҷаҳе» (маънои даъвати ҷаҳидан) мегуфтаанд ва якҷоя қарсак зада, қоматашонро пеш хам мекардаанд. Дар ин ҳолат ҳамаи мардҳо пойи росташонро пеш мегузоштанд. Сипас пайкарашонро рост карда, «Ҷум ҷаҳе, ҷум ҷакала» дар як ҷо бо пойи чап меҷаҳиданд ва дастҳоро ба ду тараф кушода, китфҳоро ҷунбонда бо ҳамовозӣ якҷоя «ҷум ҷаҳала» ё «ҷум ҷакала» (маънои ҷунбонидани калла) мегуфтанд. Раққос таҳти садои қарсакзанӣ рақсида, баъди талаффузи «ҷум ҷаҳе», якҷоя бо мардҳо «ҷум ҷаҳала» мегуфт. Ӯ дастонашро боло бардошта, китфҳояшро меҷунбонид. Ҳамаи ин ҳаракатҳои возеҳу мавзун ва пурҷӯшу хурӯши дастҳо бо имову ишора, ҷунбиши абрӯҳо, пӯшидан ва кушодани чашмҳо ҳамроҳ мебошанд. Онҳо дастонашонро боло бардошта, китфҳоро мувофиқи онҳо ба ҳаракат медароранд. Зарбу усул ва суръати он инкишоф ёфта, торафт тезтар мегардад ва суръати ҳамовозии «Ҷум ҷаҳе, ҷум ҷаҳала» низ меафзояд. Пеш аз ҳаракатҳо як бор қарсак зада мешавад. Дар афзудани суръати рақс қарсакҳо низ тезтар зада мешаванд. Дар нимаи дуюми асри ХХ рақси «Ҷум ҷаҳе, ҷум ҷаҳала» дар санъати саҳнавӣ роҳ ёфт. Дастаҳои ҳаваскорони санъати касбӣ то ба имрӯз ин рақсро дар барномаҳои консертӣ иҷро мекунанд.[1]

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 55. – 280 с.