Jump to content

Ҷӯрабек Исомитдинов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷӯрабек Исомитдинов
Исомитдинов Ҷӯрабек Бобобекович
Таърихи таваллуд 1 сентябр 1961(1961-09-01) (63 сол)
Зодгоҳ Ҷамоати деҳаи Сумбула, ноҳияи Лайлак, вилояти Ӯш, ҶШС Қирғизистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Институти давлатии педагогии ба номи С. М. Кирови шаҳри Хуҷанд
Ҷоизаҳо Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001)

Ҷӯрабек Исомитдинов (Исомитдинов Ҷӯрабек Бобобекович; 1 сентябри 1961, ноҳияи Лайлак, вилояти Ӯш) — муаррих, номзади илмҳои таърих (2005), дотсент (2017). Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Исомитдинов Ҷӯрабек Бобобекович хатмкунандаи мактаби миёнаи № 10 деҳаи Ёваи ноҳияи Хуҷанд (ҳоло Бобоҷон Ғафуров)-и вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон (1978) ва факултети таъриху филологияи Институти давлатии педагогии ба номи С. М. Кирови шаҳри Хуҷанд (1988) мебошад. Пас аз хатми донишгоҳ (соли 1988), Ҷ.Б. Исомитдинов бо тавсияи устодон ҳамчун ассистент (муаллим)-и кафедраи таърихи Тоҷикистон ва методикаи таълими таърихи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров ба кор қабул шуд. Аз соли 1991 то соли 1997 вазифаи муаллими кафедраи таърих ва этнографияи халқи тоҷик, солҳои 1997 - 1998 муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети ҳуқуқшиносӣ ва дар як вақт вазифаи ҷонишини декани факултетро иҷро кардааст. Аз моҳи сентябри соли 1998 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба сифати муаллими калони кафедраи таърих ва фарҳанги халқи тоҷик ба кор шурӯъ мекунад. Солҳои 2000 - 2006 ум вазифаи котиби Шӯрои олимони донишгоҳро низ ишғол кардааст. Соли 2006 муддате ба ҳайси ноибректори бахши тарбияи донишгоҳ фаъолият бурдааст. Ў аз оғози фаъолияти кориаш дар тамоми чорабиниҳои факултет ва Донишгоҳҳо мунтазам ширкат варзида, дар тарбияи садҳо шогирдон саҳмгузор аст. Бо Ифтихорномаҳои КМ ВЛКСМ (1987), Вазорати маорифи ҶТ (2000) ва нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001) мукофотонида шудааст.Тибқи қарори Шӯрои олимони ДДҲБСТ аз 3 марти соли 2017 ғолиби озмуни «Олими сол»-и донишгоҳ дар соли 2016 гаштааст. Исомитдинов Ҷ.Б. ҳамчун омӯзгори навовар – эъҷодкор дар ҷомеаи меҳнатӣ ва омӯзгорони таърихи макотиби олӣ ва миёна эътироф гаштааст. Дар корҳои таълимиву илмӣ ва ҷамъиятӣ фаъол мебошад.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷӯрабек Исомитдинов аз рӯзи нахустини вориди илми таърихшиносӣ гаштан ба тадқиқу баррасии масъалаҳои таъриху фарҳанг ва мардумшиносии халқи тоҷик машғул аст. Соли 2005 дар мавзӯи "Аз таърихи ҳунарҳои коркарди чӯби тоҷикони Хуҷанд дар охири асри ХIХ- ибтидои ХХ" рисолаи номзадиро таҳти роҳбарии профессор Назирҷон Турсунов бомуваффақият дифоъ намудааст. Аз рӯи мавзӯи рисола дар конфронсҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ маърӯзаву гузоришҳо кардааст. Таҳти роҳбарии ӯ 5 нафар аспирантону унвонҷӯён бо корҳои илмӣ- тадқиқотӣ машғуланд. Се нафар шогирдони ӯ - унвонҷӯён Файзуллоева М. дар мавзӯи “Шаҳраки даврони феодализми сонӣ - Чуст (дар охири асри XIX - ибтидои XX) ”, Рустамов Д. дар мавзӯи “Фарҳанги суруду мусиқии анъанавии аҳолии Тоҷикистони шимолӣ дар охири асри XX- ибтидои XXI” ва Ҳомидов Р.А. дар мавзӯи “Вазъи таҳсилоти мактабӣ дар вилояти Суғди Тоҷикистони соҳибистиқлол (солҳои 1991-2011)” бомуваффақият рисолаҳои номзадиро дифоъ намудаанд.

Дотсент Ҷӯрабек Исомитдинов муаллифи 19 китоб (монографияву дастурҳои таълимӣ) ва зиёда аз 70 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Китобҳо (Монографияҳо)

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Таджикиский государственный университет права, бизнес и политики (краткий справочник). Худжанд, 2001. 97 с.
  2. Падидаи умедбахши истиқлол. Хуҷанд, 2003. 131 с. (дар ҳаммуаллифӣ бо Пӯлодов Х.)
  3. Профессор Назирджон Турсунов. Биобиблиографический очерк. Худжанд, 2003. 117 с. (дар ҳаммуаллифӣ бо Ҷӯрабоев Ҷ.)
  4. Из истории деревообделочного производства таджикского народа в конце ХIХ – нач. ХХвв. (на материалах Худжанда и его пригородов). АКД. Худжанд, 2005. 24 с.
  5. Сарвар ва сиёсатмадор. Хуҷанд: «Ношир», 2010. 152 с. (дар ҳаммуаллифӣ бо Орипов А., Ризоев Б.)
  6. Деревообделочные ремесла и промыслы Худжанда в конце XIX –начале XX вв. Худжанд: Меъроҷ, 2012. 284 с. (дар ҳаммуаллифӣ бо Турсунов Н.О.)
  7. Назирджон Турсунов -70 лет. Биобиблиографический очерк. Худжанд:Ношир,2012. 320 с. (дар ҳаммуаллифӣ бо Ҷӯрабоев Ҷ. ва Турсунов Б.)
  8. Позднефеодальный город Чуст в конце XIX – начале XX вв (историко-этнографическое исследование).Худжанд: Меъроҷ, 2013. 204 с. (дар ҳаммуаллифӣ бо Файзуллаева М.)
  9. Таърихи Унҷӣ ва ҷамоати он. Хуҷанд:Ношир,2014. 528 с. (дар ҳаммуаллифӣ бо Турсунов Н.М.)
  10. Ташаккул ва густариши робитаҳои байналхалқии ДДҲБСТ. Хуҷанд:Ношир,2018. 120 с.

Китобҳои таълимӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Таърихи халқи тоҷик, дар ҷадвалу схемаҳо. Хуҷанд:Вароруд,1998. 106 с.
  2. Олимон ва кормандони донишгоҳ/ Мураттибон Исомитдинов Ҷ., Наимов А., Исмоилов Д. Худҷанд,2003. 248 с.
  3. Таърихи халқи тоҷик: тест-тренинг, сканвордҳо, кроссвордхо, чайнвордхо. Хуҷанд:ЧММ «Наргис»,2004. 160 с.
  4. Таърихи навини Тоҷикистон. Хуҷанд:«Ношир»,2005. 148 с. (дар ҳаммуаллифӣ бо Фузайлов А.)
  5. История таджиков: структурно – логические схемы. Худжанд:«Ношир»,2010. 332 с. (дар ҳаммуаллифӣ бо Турсунов Н.О.)
  6. Таърихи халқи тоҷик дар ҷадвалу нақшаҳо. Хуҷанд:«Ношир»,2014. 140 с.
  7. Тестҳо аз таърихи халқи тоҷик. Хуҷанд:Парки технологии ДДҲБСТ, 2014. 120 с. (дар ҳаммуаллифӣ бо Ҳамза Камол ва Абдуқаҳҳор Саидов)
  8. Таърихи халқи тоҷик. Қисми I. Давраи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна. (Комплекси таълимӣ-методӣ). Хуҷанд:«Ношир»,2018. 416 с. (дар ҳаммуаллифӣ бо Ҳомидов Ҷ.)
  9. Таърихи халқи тоҷик. Қисми II. Давраи нав ва навтарин. (Комплекси таълимӣ-методӣ). Хуҷанд:«Ношир»,2018.232 с. (дар ҳаммуаллифӣ бо Ҳомидов Ҷ.)
  10. «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат. Роҳнамои таълим. Муҳаррири масъул: Н. О. Турсунов - Душанбе, 2023. - 584 с. (Ҳаммуалиф Ҷамшед Ҷӯразода)
  • Олимон ва кормандони донишгоҳ/ Мураттибон Исомитдинов Ҷ., Наимов А., Исмоилов Д. Хуҷанд, 2003.- C.248.