Aлaxлоp
Зоҳир
Aлaxлоp — лассо, C14H20NO2CI, як навъ алафкуш. Моддаи кристаллии сафед. Барои нест кардани алафҳои бегонаи кишти ҷуворимакка, офтобпараст ва соя (ба ҳар га 1,7 – 2,8 кг) пешбинӣ шудааст. Алахлорро бо атразин (ба ҳар га 1 кг) ва линурон (ба ҳар га 0,5 – 1,2 кг) омехта карда истифода мебаранд. Барои занбӯри асал ва дигар ҳашароти фоиданок безарар аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Aлaxлоp // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.