Jump to content

Cirque du Soleil

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Cirque du Soleil» (аз фар. — «Сирк дю солей» — «Сирки офтоб») — ширкати канадагии соҳаи фарҳанг, дилхуши ва фароғат аст, ки дар ҷодаи «санъати сирк ва намоишҳои кӯчагӣ» фаъолият мекунад. Соли 1984 аз ҷониби Ги Лалиберте ва Жилем Сент-Круа таъсис дода шудааст ва дар шаҳри Монреал, кишвари Канада қарор дорад. Ин сирк аз ҳисоби даст кашидан аз иштироки ҳайвонот дар намоишҳояш, бо намоишҳои синтетикиаш, ки ҳунари сиркро бо мусиқӣ пайванд сохт, тарроҳи ва рақсҳои хелоҳам ҷолибе, ки ба саҳна мегузорад машҳур аст. Чунин меҳисобанд, ки Cirque du Soleil санъати сиркро ҳаёти нав ва рӯҳу равон бахшид.

Акс аз намоиши Nouvelle Expérience, «Мираж[en]», Лас Вегас соли 1994
Акс аз намоиши Dralion, Вена соли 2004
  • Яке аз намоишҳои ин сирк, ҷоизаи «Эмми»-ро соҳиб шуд.
  • Яке аз ҳунармандони ин сирк — Дмитрий Булкин, дар намоиши телевизиюнии «Минута славы» ҷои якумро ишғол намуд.

Ба саҳна гузориҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
Баромади Cirque du Soleil, варзишгоҳи Тофиқ Баҳромов дар Боку

Бисёре аз намоишҳои Cirque du Soleil номҳои ба худ хосро доранд ва ба тарҷума ниёз надоранд.

  • 1984 — Le Grand Tour/«Сайёҳати калон»
  • 1987 — Le Cirque Réinventé/«Сирк, фикри нав»
  • 1990 — Nouvelle Expérience/«Таҷрибаи нав»
  • 1990 — Fascination/«Дилрабоӣ»
  • 1992 — Saltimbanco/«Акробати оворагард»
  • 1993 — Mystère/«Мӯъҷиза»
  • 1994 — Alegría/«Хурсанди»
  • 1996 — Quidam/«Некто»
  • 1998 — «O» (Au)/«Об»
  • 1998 — La Nouba/Майнӯшӣ, сӯзонидани ҳаёт
  • 1999 — Dralion/«АждаҳоШер»
  • 2002 — Varekai/«Куҷое, ки набошад»
  • 2003 — Zumanity
  • 2004 — KÀ
  • 2005 — Corteo/«Бадрақа»
  • 2006 — Delirium/«Алоигӯй»
  • 2006 — The Beatles LOVE/«Битлз Муҳаббат»
  • 2007 — Koozå
  • 2007 — Saltimbanco 
  • 2007 — Wintuk
  • 2008 — CRISS ANGEL Believe
  • 2008 — Zaia
  • 2008 — Zed
  • 2009 — Ovo/«Тухм»
  • 2010 — Banana Shpeel
  • 2010 — Totem/«Тотем»
  • 2010 — Viva ELVIS/«Зинда бод Элвис»
  • 2011 — IRIS
  • 2011 — Zarkana
  • 2011 — Michael Jackson THE IMMORTAL World Tour
  • 2012 — Amaluna
  • 2013 — Alegria 
  • Дар 74-умин маросими ҷоизасупории «Оскар» (соли 2002);
  • 50-умин маросими ҷоизасупории «Грэмми»;
  •  Дар Супербоул XLI;
  • Дар қисми финалии «Эвровижн-2009» дар Маскав (соли 2009);
  • Дар иди «Алые паруса» дар шаҳри Санкт-Петербург (соли 2010);
  • Дар конференсияи Иттиҳоди Аврупо (соли 2010);
  • Дар маросими кушодашавии чемпионати FIFA U-17 Women’s World Cup дар Озарбойҷон (соли 2012) намоишҳои ҷолибро пешкаш намуданд.[1]
  1. https://ru.m.wikipedia.org/wiki/Cirque_du_Soleil