Акробатика
Акробатика (аз юнонӣ akrobateo - бо нӯги пой мегардам, боло мебароям) — 1) навъи машқи варзиши ҷисмонӣ аз қабили гимнастика.
2) Навъи варзиш, ки машқҳои бисёри гимнастикиро дар бар мегирад: ҷаҳишҳои акробатӣ, машқи омехтаи дукаса (марду зан), машқи дукасаи мардона, машқи гурӯҳии мардона (секасӣ ё чоркасӣ) ва ғайра. Аз рӯйи он машқҳо мусобиқаҳо мегузаранд ва мувофиқи таснифоти варзиши ягона дараҷаҳои варзишӣ дода мешаванд. Акробатикаро дар дигар навъҳои варзиш (гимнастикаи варзишӣ, ҷаҳидан ба об, футбол, баскетбол, волейбол ва ғайра) низ васеъ истифода мебаранд. Доир ба акробатика аз соли 1964 ҳар сол чемпионатҳои ҷаҳон гузаронда мешавад. Дар Тоҷикистон акробатикаи варзишӣ охири солҳои 50 садаи XX дар шаҳри Душанбе рӯ ба инкишоф ниҳод. Соли 1976 дар шаҳри Душанбе Мактаби махсуси кӯдакону наврасони захираҳои олимпии № 8 оид ба акробатикаи варзишӣ кушода, соли 1981 маҷмааи махсусгардонидаи акробатикаи варзишӣ ба истифода дода шуд. Соли 1993 Федератсияи акробатикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт ва бори аввал варзишгари тоҷик Саидов Д. С. дар Чемпионати ҷаҳон иштирок кард (ҷойи 12-ум). Соли 1996 акробати тоҷик дар Чемпионати Осиё сазовори медали нуқра гардид. Варзишгарон Маҳмудов Ф. (2003) ва Шапоров Д. (2005) дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми В. Волков» соҳиби ҷоизаҳо шудаанд. Дар байни акробатҳои ҷумҳурӣ қариб 300 нафар Устоди варзиши СССР, 9 нафар Устоди варзиши ҶШС Тоҷикистон ва 5 нафар Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ ҳастанд (2010). Ҳоло акробатикаи варзишӣ дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон инкишоф меёбад.
3) Жанри санъати сирк, ки дар саҳна чолокӣ ва зӯри мушакҳои бозигарро намоиш медиҳад. Санъати акробатӣ аз қадим дар Миср, Юнон, Хитой, Рим, Византия ва Япония маъмул буд. Дар Осиёи Миёна ҳам дар асрҳои миёна унсурҳои акробатикаро истифода мебурданд. Намудҳои гуногуни акробатика ва жонглёрӣ вуҷуд доштанд. Масалан, раққос-жонглёр (тосбоз, кордбоз) бо қайроқ рақс карда, дар паси сар табақи чӯбин ё сафолро нигоҳ медорад ва оҳистаю моҳирона онро аз паси сар то миёнаш ба ҳаракат меоварад ва ғайра. Дар сирки муосир навъҳои асосии акробатика: ҷаҳиш, китфӣ, зӯрталабӣ, мавзун, волтижёрӣ, ширинкорӣ, аспсаворӣ, бозиҳои икарӣ ташаккул ёфтаанд. Акробатикаи ҷаҳиш дар саҳнаи сирк аз иҷрои салто, флик-флякҳо, машқҳо дар асбобҳои ба боло ҳаводиҳанда (тахтаи хеззанонанда, батут, арғунчакҳо, лотингҳо) иборат аст. Батути амортизатораш резиниро ҳунарпешагони европавӣ аввали садаи XX ихтироъ карданд. Хусусияти акробатикаи китфӣ тавъамшавӣ бо дигар намудҳои Акробатика: баромадҳо аз тахтаи хеззанонанда, батут, акробатҳои аспсавор, гурӯҳҳои акробатӣ мебошад. Дар акробатикаи волтижёрӣ акробатҳои поёнӣ бо дастҳои худ акробати дигарро боло партофта, боз онро баъди иҷрои ҳуққабозиҳои мухталифаш дошта мегиранд. Шакли махсуси акробатика бозиҳои икарист. Дар он акробатҳои поёнӣ дар рӯи тринка бо тахтапушт хобида, бо пойҳояшон шарикони худро, ки ҳуққабозӣ мекунанд, боло бардошта сӯйи якдигар ҳаво медиҳанд. Акробатикаи ширинкориро акробатҳои масхарабоз иҷро мекунанд. Ҳунарнамоии онҳо аз ҷаҳиши тези акробатӣ, каскадҳо, ғелониш иборат аст. Хусусияти хоси акробатикаи ширинкорӣ аксаран дар ниқоби ширинкорӣ такрор намудани ҳуққабозиҳо бо саҳнаҳои сужетнок мебошад. Дар акробатикаи зӯрталабӣ акробатҳо бо дастҳо, сар рост истода ҳаракатҳои суръатнок ва машқҳо иҷро мекунанд. Дар акробатикаи мавзун мавзунияти бадан хеле муҳим аст. Акробатикаи аспсаворӣ – иҷрои машқҳо дар аспҳои гашташон гуногун мебошад. Акробатика шартан ба суръатнок ва мавзун тақсим мешавад. Акробатикаи мавзун нигоҳ доштани мувозинат дар ҳолатҳои гуногун аст. Дар омезиш ҳар ду навъ композитсияи ягонаро ташкил медиҳанд. Акробатика дар сирк жанри асосист. Унсурҳои акробатика дар санъати хореографӣ ва намоишҳои театр низ истифода мешаванд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Игнашенко А., Акробатика, М., 1956:
- Гуревич З. О., О жанрах советского цирка, М., 1984;
- Цирковое искусство Росии: Энциклопедия, М., 2000.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.