Jump to content

Биҳӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Cydonia oblonga)
Биҳӣ
Гунаи умумии рустании гулкарда.
Гунаи умумии рустании гулкард.
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Cydonia Mill.
Мутародифот
  • Cydonia vulgaris Pers.
  • Pyrus cydonia L.
Навъи ягона
Cydonia oblonga Mill.
— Айва обыкновенная
Биҳӣ

Биҳӣ (лот. Cydōnia), обӣ — як навъ бутта ё дарахти мева.

Тавсифоти гиёҳшиносӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

То 5-7 м қад мекашад. Шохаҳояш парешон. Баргаш байзашакл ё мудаввари калон; қисми поинаш пашмак дорад. Гулаш калони дуҷинс, сурхи сафедтоб, хушбӯй; моҳҳои май — июл мешукуфад, давраи гулшукуфташ 7-18 рӯз. Мевааш лунда ё нокмонанд, зард (вазнаш 228—250 г; баъзан то 1200 г); сент. — ноябр мепазад, гӯшташ зарди камоб, тухмаш ҷигарии сурхча (вазни 1000 донааш 24-44 г).

Биҳиро дар мамлакатҳои Осиёи Пеш, Моварои Қафқоз, ноҳияҳои ҳамҳудуди Туркияву Эрон тақрибан 4 ҳазор сол ин ҷониб мепарваранд. Дар ҷаҳон қариб 400 навъи биҳӣ маълум аст. Биҳӣ қариб дар ҳама ноҳияҳои Тоҷикистон (ғайр аз баъзе навоҳии ВМКБ) парвариш меёбад. Барои биҳӣ хусусан иқлими водии Ҳисор, ноҳияи Рашт, вилоятҳои Хатлон ва Суғд мусоид аст.

Биҳӣ дарахти гармӣ ва намипарвар буда, дар заминҳои сернаму ҳосилхез хуб месабзад. Аз қалам­ча, пайванд, бехҷаст ва тухм зиёд карда мешавад; аз 2 то 50-солагӣ ҳосил медиҳад. Асосан навдаҳои яксолаи биҳӣ самар меоваранд. Боғҳои биҳӣ бештар дар заминҳои серҳосили ҳамвор ва нишеби доманакӯҳҳо бунёд карда мешаванд. Қитъаҳое, ки оби зеризаминиашон бисёр наздик (1,3-1,5 м) аст, ба сабзиши биҳӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Дар Тоҷикис­тон биҳиро аз рӯйи тартиби 6 х 3 — 4 м ба ҳар га 280—333 бех мешинонанд. Хоки байни дарахтонро тирамоҳу баҳор шудгор (25-27 см) карда, 4-5 бор (аз рӯйи меъёри 800—1000 м3) об мемонанд, ба ҳар га то 40 т пору, 300 кг фосфор ва калий мерезанд. Дар ҷумҳурӣ бештар навъҳои маҳаллии Чиллагӣ, Нокбиҳӣ, Себбиҳӣ, Миёнапазак, Дерпазак, Кулчабиҳӣ, Фаллабиҳӣ ва навъҳои ба шароити маҳал мутобиқшудаи Қизилқӯрғон, Серҳосил, Самарқандии калонмева, Туршбиҳии бухороӣ ва Биҳии ҷопониро мепарваранд. Одатан, барои хуб гардолуд шудани гул 3-4 навъи Биҳӣ якҷо шинонда мешавад. Буридани шохаҳои зиёдатӣ ва кӯтоҳ кардани навдаҳои яксола ба зиёд шудани ҳосил мусоидат мекунад. Меваи биҳиро баъди шакли муқаррарӣ ва бӯи махсус пайдо карданаш бо эҳтиёт чидан лозим аст. Аз ҳар га биҳизори навъҳои пешпазак 200—370 сентнер ва дерпазак 170—250 сентнер ҳосил меғундоранд. Меваи баъзе навъҳои биҳиро то моҳҳои феврал — март нигоҳ медоранд.

Биҳӣ меваи серғизост: 8,75-12,6 % қанд (5,97-9,26 % фруктоза, 2,77-3,31 % глюкоза ва 1,16-2,58 % сахароза), ҷавҳари себ ва лиму, кислотаи тартрат, моддаҳои пектинӣ (0,33 %), даббоғӣ (0,42-0,66 %) витамини С (қариб 20 мг%), равғани эфир, оҳан (30 мг/кг) ва мис (1,4 мг/кг) дорад. Биҳиро тар мехӯранд, ба дами палав меандозанд, аз он мураббо тайёр мекунанд. Дар саноати хӯрокворӣ аз биҳӣ мураббо, ҷем, желе, сукат, мармалод ва шарбатҳои гуногун таҳия менамоянд.

Хосияти шифоӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Табибони халқӣ биҳиро барои табобати бисёр бемориҳо кор мефармоянд. Дар «Махзану-л-адвия» омада, ки «Беҳ­тарини он бузурги болидаи нозуки шодоби он аст… Биҳӣ муфарриҳ (фараҳовар), қувватдиҳандаи дил ва меъда, масарратафзои рӯҳ аст… ва зиёд хӯрдани он исҳоловар — хусусан баъд аз ғизо ва дар халои (холигии) меъда қабзиятовари табъи (организми) гарммизоҷон аст… Луоби он ҷиҳати хушунати гулӯ, сурфаи аз гармӣ ва ёбис (хушк), таскини ҳарорати меъда ва тан, сӯзиши забону даҳон ва хушкии он нофеъ аст. Ва тилои (яъне молидани) он ҷиҳати сӯхтагии оташ ва дафъи зарари ҳарорати офтоб ба ғоят нофеъ… Бартарафкунандаи зарари он дар гарммизоҷон шакар ва дар сардмизоҷон розиёна (бодиён) мебошад». Дар тибби муосир ҷавҳар ва тухми биҳиро барои табобати бемориҳои камхунӣ, бод, хала, нуқси аъзои нафас, истисқо (обхӯра), исҳол, сурфа ва ғайра ба кор мебаранд. Дарахтиро чун рустании ороишӣ низ истифода бурдан мумкин аст. Ба биҳӣ кайки нок, тухмхӯраки себ, шабуши себ, шапараки дӯлона, ширинчаи себ ва ғ. зарар мерасонанд.

  1. Maleae(англ.): иттилоот дар сайти GRIN v
  2. Об условности указания класса двудольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Двудольные».
  • Ҳикмати асрҳо (Мунтахаб аз рисола ва луғатҳои тиббии қадим). Д., 1975;
  • Плодоводство Таджикистана. Д., 1969;
  • Плодоводство Таджикистана. Д., 1976;
  • Плодоводство. М., 1979;
  • Рекомендации по возделыванию садов в Таджикской ССР. Д., 1984;
  • Гулов С. М. Мевапарварӣ. Д., 2007.