Jump to content

DreamWorks Animation

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз DreamWorks Animation SKG)
DreamWorks Animation SKG, Inc.
англ. DreamWorks Animation LLC
Навъ студияи пӯёнамоӣ[d], ширкати филмсозӣ[d], студияи филм ва ширкати саҳҳомии ом[d]
Таъсисёбӣ 1994
Бунёнгузорон Стивен Спилберг, Ҷеффри Катзенберг[d] ва Дэвид Гиффен[d]
Макон
Бахш Тасвири роёнаӣ ва филмбардорӣ
Ширкати модарӣ Universal Pictures
Ширкатҳои духтарӣ Pacific Data Images[d]
Сайт dreamworks.com(англ.)

12 октябр соли 1994 се шахс — режиссёр ва продюсер Стивен Спилберг, продюсери мусиқавӣ Дэвид Гиффен ва директори бунёдкори пешинаи Disney Ҷеффри Катзенберг — DreamWorks SKG-ро таъсис доданд.

Кинокомпанияи аниматсионӣ нав дар сафҳои худ бо рассомон аз студияи шахсии Стивен Стилберг Amblimation пур шуд. Аввал дар соли 1995, вақте ки филми охири студия - Балто баромад ҳамроҳ шуданд. Дигарҳо дар соли 1997, вақте ки студия баста шуд.

Мултфилмҳои аввали студия, «Шоҳбачаи Миср» (1998), «Роҳ ба Элдорадо» (2000), «Спирит» (2002) и «Синдбод: Ривояти ҳафт баҳр» (2003) бо ёрии аниматсияи кашидан ба навор гирифта шуданд.

Соли 2004 бахши аниматсионии Dreamworks SKG ба компанияи соҳибҳуқуқ — Dreamworks Animation SKG табдил ёфт.

Дар 2004 баъд аз баромади мултфилми «Шрек» компания роҳи баровардани мултфилмҳоро иваз кард: мултфилмҳоро бо ёрии графикаи компютерӣ бароварданд, мақсади филмҳо бошад хурсандкунии тамошобин шуд. Дар январи 2015 студия DreamWorks Animation дар бораи баровардани ҳадди ақал ду мултфилм дар як сол ва ихроҷи 500 коркунон эълон кард.[1] Аз 27 апрели 2016 The Wall Street Journal маълумот медиҳад, ки Comcast мақсад дорад студияи DWAро ба пули $3 млрд харад. Аммо, Comcast ин хабарро паҳн кардани нест[2][3]. Дар рӯзи дигар, Ҷеффри Катзенберг маълумот дод, ки аз компания меравад, то вақте ки Comcast DreamWorks Animation-ро нахарад[4].

Фурӯш ба кинокомпанияи Universal

[вироиш | вироиши манбаъ]

28 апрели 2016 элоон шуд, ки NBCUniversal студияи DreamWorks бо маблағи 3,8 миллиард доллар харид[5]. Ин тавр, шартнома бо кинокомпанияи 20th Century Fox дар 2017 тамом мешавад[6]. 22 августи 2016, аз рӯи шартнома бо ComCast компанияи DWA қисми студияи Universal Pictures шуд[7]. Ба ғайр аз ин асосгузори DWA Ҷеффри Катзенберг ба компанияи DreamWorks New Media гудашт. Ҷеффри барои ташаккули медиалоиҳаҳои AwesomenessTV ва Nova қаст дорад. Ҳамин хел ӯ консултант дар NBCUniversal мешавад.

Шаблон:Мултфилмҳои DreamWorks

Шаблон:ВП-порталҳо