Jump to content

Impregilo

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Impregilo S.p.A.
Навъ дубликати ҳамешагӣ[d]
Листинг дар биржа ISE: IPG
Таъсисёбӣ 1959
Макон  Итолиё, Милан
Бахш Сохтмон, инжиниринг
Гардиш EUR 2,706 млрд (2009)[1]
Даромади амалиётӣ EUR 141,6 млн (2009)[1]
Фоидаи соф EUR 77,6 млн (2009)[1]
Шумораи кормандон 8355 (2010)[2]
Сайт www.impregilo.it

Impregilo S.p.A. — ширкати муҳандисӣ ва сохтмони шаҳрвандии итолиёӣ, ки дафтари маркази он, дар шаҳри Милан қарор дорад.

Ин ширкат соли 1959 таъсис ёфта, аз тариқи якҷояшавӣ бо ширкатҳои дигар, рушд кард ва дар ҳоли ҳозир бузургтарин паймонкори лоиҳаҳои сохтмонӣ дар Итолиё ба шумор меояд.

Ширкат Импреҷило то кунун лоиҳаҳои бузурги зиёдеро дар саросари ҷаҳон иҷро намудааст. Ин лоиҳаҳои умумӣ дар заминаи зерсохтҳо, ҳамлу нақл ва системҳои зистмуҳитӣ будаанд. Саҳмияҳои ин ширкат дар бозори Биржаи Итолиё доду ситад мешавад.

Ширкат дар замони мавҷудияти худ дар амалисози бисёре аз лоиҳаҳои бузурги зерсохтӣ, ширкат намудааст, ки миёни онҳо метавон баъзеро номбар кард:

  • нерӯгоҳи барқи обии (НБО) «Кариба», Замбия/Зимбабве, 1959;
  • сарбанди «Дез», Эрон, 1963;
  • сарбанди «Тарбела», Покистон, 1976, ва ғ.

Ҳамкорӣ дар сохтмони НБО Роғун

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо назардошти таҷрибаи ғанию имконияти васеи сармоягузорӣ ва ғолиби озмуни байналмилалӣ оид ба сохтмони иншооти НБО «Роғун» гардидани ширкати «Салини Импреҷило” ин корпоратсияи сохтмонӣ ҳамчун шарики умедбахши Тоҷикистон дар идомаи сохтмони НБО Роғун арзёбӣ гардид. Дар ҳамин замина иттилоъ дода шуд, ки байни Тоҷикистон ва Ширкати «Салини Импреҷило» доир ба лоиҳакашӣ, харид ва сохтмони иншооти НБО “Роғун” ба маблағи 3,9 миллиард доллари ИМА шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст[3].

  1. 1.0 1.1 1.2 Ҳисоботи солона 2009(пайванди дастнорас)
  2. Google Finance
  3. Мулоқот бо Роҳбари ширкати “Салини Импреҷило” ҷаноби Пиетро Салини(тоҷ.). www.prezident.tj. Сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон. 30 июли 2018 санҷида шуд.