Абвер
Зоҳир
А́бвер (олмонӣ: Abwehr — мудофиа, инъикос, аз Auslandsnachrichten- und Abwehramt) — идораи разведка ва контрразведкаи Германия.
Соли 1919 таъсис гардида, соли 1938 ба Раёсати разведка ва контрразведкаи фармондеҳии олии Қувваҳои мусаллаҳи Германия табдил ёфт. Ба гирдоварии иттилооти махфии ҳарбӣ дар давлатҳои хориҷӣ, тахрибкориҳо дар ақибгоҳи душман ва амсоли инҳо машғул буд, ҳамчунин контрразведкаи дохилию хориҷии мамлакатро танзиму идора мекард. Абвер солҳои 1935 – 44 дар бисёр мамлакатҳо шабакаҳои худро дошт. Аз тирамоҳи 1940 Абвер тамоми нерӯи худро тибқи нақшаи «Барбаросса» алайҳи Иттифоқи Советӣ равона карда буд. Феврали 1944 Абвер барҳам хӯрд ва вазифаи он ба уҳдаи Сарраёсати амнияти империявӣ вогузор гардид.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.