Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: олим, муҳаддис, ровӣ
Таърихи таваллуд: 595
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 684
Маҳалли даргузашт:
Эътиқод: суннӣ ва ислом
Падар: 'Amr ibn al-'As[d]
Модар: Rita bint Munàbbih[d]
Самти фаъолият: илми ҳадис
Шогирдон: Товус ибни Кайсан[d]
Вироиши Викидода

Абӯмуҳаммад Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (ар. عبد الله بن عمرو بن العاص‎; 7 сол пеш аз ҳиҷрат/616 м. – Макка, 65 ҳ./684-685 м. – Шом) — аз бузургони саҳоба ва аввалин касе, ки ҳадиси расули Худо (с)-ро китобат намудааст. Абдуллоҳ ибни Амр дар даврони ҷавонӣ ва пеш аз падараш Амр ислом овард ва дар маҷмӯаҳои ҳадисӣ аз вай 700 ҳадис ри­воят шуда, ки 7 ҳадиси он дар Саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим омадаанд.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (р) саҳобаи бузург ва аввалин касе аст, ки ҳадиси Расули Худо (с)-ро китобат намудааст. Вай ҳафт сол пеш аз ҳиҷрат дар соли 616-уми милодӣ дар Макка ба дунё омада, дар даврони ҷавонӣ ва пеш аз падараш Амр (р) ислом овардааст.

Абдуллоҳ (р) дар тамоми ғазавот ҳамроҳи Расули Худо (с) ширкат намуда, бо ду шамшер меҷангид.

А. и. А. дар тамоми машоҳид – ғазавот бо расули Худо (с) ширкат намуда, бо ду шамшер меҷангид ва аз зоҳидон ва порсоёни саҳоба ба шумор мерафт. Хабари зуҳду ибодати вай ба паёмбар (с) расид ва он ҳазрат (с) дар ҳадиси машҳуре ба вай фармуд: «Ҷисмат бар ту ҳақ дорад, ҳамсарат бар ту ҳақ дорад ва чашмонат бар ту ҳақ доранд…».

Аҳли ҳадис аз вай 700 ҳадис ривоят кардаанд. Вай соли 65 ҳиҷрӣ / 684-685 милодӣ дар Шом вафот кардааст.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Абдушарифи Боқизода. Тафсири навини Қуръони карим, ҷилди якум — Душанбе: «ЭР-граф», 2012. - с. 797.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]