Абдухолиқ Сӯфиев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдухолиқ Сӯфиев
Таърихи таваллуд: 24 феврал 1954(1954-02-24)
Зодгоҳ: Норак, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 26 сентябр 2015(2015-09-26) (61 сол)
Маҳалли марг: Норак, Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Касб: ҳунарпеша, овозхон
IMDb: ID 2461981

Абдухолиқ Сӯфиев (24 феврали 1954, Норак, ҶШС Тоҷикистон — 26 сентябри 2015, Норак, Тоҷикистон) — овозхон ва ҳунарпешаи синамои тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдухолиқ Сӯфиев 24 феврали соли 1954 дар шаҳри Норак аз модар нобино ба дунё омадааст[1][2]. Абдухолиқ Суфиев соли 1983 ба Бадахшон омад ва бо мусоидати котиби ҳизбии вилоят Муминшоҳ Абдулвосиев ба ӯ дар маркази шаҳри Хоруғ хона доданд. Ӯ ин ҷо 10 сол зиндагӣ кард ва роҳбари бадеии ансамбли нобиноёни «Панҷтанон» буд[1]. Абдухолиқ Сӯфиев солҳои ахири зиндагиаш бо ҳамсараш дар хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон ба сар мебурд[2].

Даргузашт[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдухолиқ Сӯфиев 26 сентябри соли 2015 дар шаҳри Норак даргузашт[3].

Овозхонӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдухолиқ Сӯфиевро дар Тоҷикистон ва берун аз он ҳамчун сарояндаи таронаҳои овозхони маъруфи машриқзамин Аҳмад Зоҳир мешиносанд[4].

Синамо[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдухолиқ Сӯфиев дар филмҳои «Ишқ ва фалсафа»-и Муҳсини Махмалбоф ва «Овора»-и Далер Раҳматов нақш бозидааст[2].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Абдухолик Суфиев. Кино-Театр.РУ. 24 феврали 2020 санҷида шуд.
  2. 2.0 2.1 2.2 Абдухолиқ Сӯфиев, актёр ва овозхони нобино, шефтаи Аҳмад Зоҳир(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 24 феврали 2020 санҷида шуд.
  3. Даргузашти овозхони нобинои тоҷик Абдухолиқ Сӯфиев(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 24 феврали 2020 санҷида шуд.
  4. Рӯҳи Абдухолиқ шоду хонаи охираташ обод бод! - РӮЗГОР. www.ruzgor.tj. 24 феврали 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 феврали 2020.