Jump to content

Абдушукур Раҷабзод

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдушукур Раҷабзод
Тошев Абдушукур Раҷабович
Абдушукур Раҷабзод, соли 2017
Абдушукур Раҷабзод, соли 2017
Таърихи таваллуд 10 январ 1955(1955-01-10) (69 сол)
Зодгоҳ Хонақоҳи Кӯҳӣ, Ҳисор,
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ биология, тиб
Ҷойҳои кор Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик
Унвонҳои илмӣ профессор
Ҷоизаҳо Ифтихорномаи Кумитаи табъу нашри СССР (1988), Медали «Хидмати шоиста» (2005)

Абдушукур Раҷабзод (Тошев Абдушукур Раҷабович; тав. 10 январи соли 1955, деҳаи Хонақоҳи Кӯҳӣ, Ҳисор) — донишманди улуми биология, химия ва тиб, қомуснигор, донишноманавис, рӯзноманигор. Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (2011). Аълочии тандурустии ҶТ (2005), Аълочии матбуоти ҶТ (2005).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи шуъбаи биологияи факултети табиатшиносии Институти давлатии педагогии Душанбе (1976). Баъди ба охир расондани институт ба Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик ба кор омадааст. Муҳаррири хурд (1976 — 77), хидмат дар сафи Артиши шӯравӣ (1977 — 78), муҳаррир (1979 — 81), муҳаррири илмӣ (1981 — 82), муҳаррири калони илмӣ (1982 — 85), иҷрокунандаи вазифаи мудир (1986 — 88) ва мудири редаксияи табииёт (ҳоло редаксияи тиб)-и ҳамин муассиса (аз 1989).

Донишноманигорӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар тӯли фаъолияти беш аз 35-солаи худ дар СИ ЭМТ дар кори табъу нашри китоби ҳаштҷилдаи «Энсиклопедияи Советии Тоҷик», «Энсиклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон» (дар ду ҷилд), «Энсиклопедияи рӯзгордорӣ», «Фарҳанги русӣ-тоҷикӣ-лотинии тиббӣ» (М.Расулӣ; иборат аз панҷ ҷилд) ва бисёр китобҳои дигар ҳиссаи босазо гузоштааст. Саҳми Абдушукур Раҷабзод дар таълифи китобҳои «Энсиклопедияи Душанбе», «Энсиклопедияи Кӯлоб», «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» (ҷилди I; 2011) низ арзанда аст.

Муҳаррир ва мутарҷими бисёр китобҳои дарсӣ дар боби тиб. Абдушукур Раҷабзод бо ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино низ ҳамкорӣ дорад. Соли 2009 бо супориши раёсати донишгоҳ китоби энсиклопедии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино»-ро таълиф кардааст. Хидмати босазои Абдушукур Раҷабзод дар соҳаи тиббу тандурустӣ таълифи «Энсиклопедияи мухтасари тиб» (иборат аз панҷ ҷилд; 2010—2012) мебошад.

Ҳамкорӣ бо ВАО

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдушукур Раҷабзод дар баробари табъу нашри китобҳои донишномаӣ ба васоити ахбори умум робитаи ногусастанӣ дорад. Абдушукур Раҷабзод дар саҳифаҳои матбуоти ҷумҳурӣ зиёда аз 600 мақола ба табъ расондааст. Навиштаҳояш ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи саломатии одамон бахшида шудаанд. Ҳамчун мухбири ҳафтаворҳои «Чархи гардун» ва «Авиценна» бо мутахассисон суҳбатҳо ороста, проблемаҳои ҷиддии соҳаи тандурустиро мавриди муҳокима қарор медиҳад.

Нависандагӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдушукур Раҷабзод табъи нависандагӣ низ дорад. Бисёр ҳикояҳои ӯ дар саҳифаҳои матбуот ба табъ расида, аз тариқи радиои ҷумҳурӣ шунавонида шудаанд.

Ҷоизаву медалҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (аз 1990). Бо ифтихорномаи Кумитаи табъу нашри СССР (1988) ва медали «Хидмати шоиста» (2005) сарфароз гаштааст.