Jump to content

Августин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Августин
лот. Aurelius Augustinus
Сурат
Таърихи таваллуд 13 ноябр 354
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 28 август 430[1] (75 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша файласуф, илоҳиётшинос, зиндагиноманавис, назарияпардози мусиқӣ, воиз, муаррих, шоир, нависанда, Catholic priest, titular bishop, Catholic bishop
Падар Patricius[d][2]
Модар Monica of Hippo[d][3]
Фарзанд Adeodatus[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Авре́лий Августи́ни Қадис (лот. Aurelius Augustinus Hipponensis), ё Августи́н Афр (лот. Augustinus Afer), (13 ноябри 354 Тагаст, Нумидия, Африқои Шимолӣ — 28 августи 430 года, Ҳиппон, близ Қартоҷ, Африқои Шимолӣ) — илоҳиётшиноси масеҳӣ, файласуф, рӯҳонӣ, намояндаи патристикаи Ғарб.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба монавия ва скептисизм шавқу ҳавас дошт. Соли 387 ба масеҳия гароид, аз соли 395 усқуфи Гиппон таъйин гардид.

Онтологияи Августини Қадис Аврелий ва таълимоти ӯ роҷеъ ба Худо ҳамчун ҳастии мутлақ ба таълимоти навафлотуния монанд аст, вале Августини кӯшидааст, ки ғояҳои куҳанро на аз ҷиҳати объект, балки аз ҷиҳати субъект, аз «дурустӣ»-и тафаккури инсонӣ аз нав мулоҳиза кунад. Тибқи таълимоти Ӯ ҳастии Худоро бевосита аз худшиносии инсон баровардан мумкин аст, вале ҳастии ашёро не. Афкори психологии Августини дар таълимоташ оид ба замон ҳамчун коррелят (мафҳуми мутаносиб)-и дар ёд доранда, муроқабакунанда ва мунтазиршавандаи нафс зоҳир шудааст. Хусусияти тозаи тафаккури Августини таваҷҷуҳ ба ду масъала (ҷараёни инкишофи шахсият ва ҷараёни инкишофи таърихи умумиинсонӣ) буд, ки афкори атиқа аз онҳо ғофил мондааст. Хусусияти якум «Омурзиш» – тарҷумаи ҳоли лирикист, ки инкишофи ботинии ӯро аз кӯдакӣ сар карда, то давраи комилан барқароршавӣ дар масеҳияти ортодоксалӣ нишон медиҳад. Августини Қадис Аврелий бо таҳлили тафаккури психологии ба адабиёту фалсафаи атиқа бегона зиддияти барқароршавии шахсиятро нишон дода тавонист. Августини Қадис Аврелий аз шарҳи нафси тираи «бетаг» ба хулосаи ногузирии хайрияти илоҳӣ омад, ки шахсиятро аз гунаҳкорӣ боздошта, ӯро «наҷот» медиҳад. Масъалаи андешаи орифонаи диалектикаи таърих дар рисолаи «Роҷеъ ба шаҳри илоҳӣ» баён шудааст. Ӯ дар он ду навъи ба ҳам зидди умумияти инсониро баррасӣ намуд: «шаҳри заминӣ» (давлатдорӣ), ки дар асоси «муҳаббат ба худ минбаъд то нафрат ба Худо рафта мерасад» ва «шаҳри илоҳӣ» (умумияти маънавӣ), ки дар заминаи «муҳаббат ба Худо» минбаъд то нафрат ба худ рафта мерасад. «Шаҳри илоҳӣ» бо идеали теократия монандӣ надорад. Ҳамаи ҷабру зулм – аз ҷабри кӯдак дар мактаб (дар «Омурзиш» хеле ифоданок тасвир ёфтааст) сар карда, то зулми давлатӣ, ба фикри Августини, натиҷаи осиян вайроншавии инсон мебошад ва аз ин рӯ қобили нафрат, вале ногузир аст. Барои ҳамин вай зарурати ҳокимияти давлатиро, ки ба қавли худаш, аз як «гурӯҳи калони роҳзанон» иборат мебошанд, эътироф намуд. Дар асрҳои миёна дар масъалаҳои дину фалсафа то Фомаи Аквинӣ Августини Қадис Аврелий симои шинохта буд; тамоюли навафлотунии схоластикаи ибтидоӣ аз таълимоти ӯ сар мезанад. Протестантизм дар таълимоташ асосноккунии фардияти динӣ ва эътиқоди худро дар қазову қадар ҷустуҷӯ кард. Дар неосхоластикаи католикии муосир мутафаккироне, ки аз босалиқагии томизм қаноатбахш нестанд, ба Августин муроҷиат мекунанд, намояндагони экзистенсиализм Августини Қадис Аврелийро яке аз саромадони худ мешуморанд.