Jump to content

Авф

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Авф (ар. عفو‎) — бахшидан, аз гуноҳи касе гузаштан), (амнистия) — дар ҳуқуқ тамоман ё қисман аз ҷазо озод намудани шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд, кам кардани муҳлати ҷазо ё ба ҷазои нисбатан сабук иваз кардани ҷазои муқарраркардаи суд, инчунин бардоштани доғи судӣ аз касоне, ки пеш маҳкум шуда, муҳлати ҷазоро адо кардаанд.

Авф ҷузъӣ ва умумӣ мешавад. Мувофиқи банди 2 моддаи 82 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санади авф шахси ҷиноятсодирнамуда метавонад аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шавад ва шахси барои ҷиноят маҳкумшуда ҳам аз адои ҷазои асосӣ ва ҳам аз адои ҷазои иловагӣ тамоман ё қисман халос гардад, ё қисми ҷазои адонакардаи ӯ ихтисор шуда, ё ба ҷазои сабуктар иваз, ё доғи судияш бардошта шавад.

Авф аз тарафи мақомоти олии қонунгузор эълон карда мешавад. Тибқи моддаи 59 Конститутсия (Сарқонун)-и ҶТ лоиҳаи қонун дар бораи авфи умумӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда мешавад. Авф аз бахшиши ҷазо фарқ мекунад. Авф ба доираи номуайяни одамон аз ҷониби Маҷлиси Олии ҶТ эълон карда мешавад (банди 1 моддаи 82 КҶ ҶТ). Санади авф чун қонуни ҷиноятӣ эътироф намегардад. Мувофиқи санад дар бораи авф шахсоне, ки категорияи муайяни ҷиноятро содир кардаанд, мумкин аст аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шаванд. Санади авф ба кирдорҳои сазовори ҷазои ҷиноятие, ки то қабули он содир гардидаанд, дахл дорад. Заминаҳои ҳуқуқии эълон намудани авфи умумӣ Конститутсия (Сарқонун)-и ҶТ ва моддаи 82 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Санади авф нисбати ашхоси номуайян мувофиқи категорияи ҷиноятҳои содиршуда эълон карда мешавад. Ма­қомоти дахлдор бояд дар вақти эълон намудани авфи умумӣ нисбат ба шахсони алоҳида санадҳои зеринро қабул кунанд: қарор ва таъйинот оид ба қатъи парвандаи ҷиноя­тӣ, инчунин қатъ намудани ҳукми айбдоркунӣ вобаста ба озод намудани гунаҳкор аз ҷавобгарии ҷи­ноятӣ, таъйиноти суди зинаи дуюм оид ба қатъи парвандаи ҷиноятӣ, қарори мақомоте, ки маҳкумшуда дар он ҷо ҷазо­ро адо мекунад, оид ба озод намудан аз адои ҷазо ва ғайра

Тибқи қонун авф нисбат ба шахсоне, ки ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин содир кардаанд, якчанд бор бо маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд ва ҳангоми адои ҷазо тартиботи дохилии муассисаи иҷрои ҷазоро даға­лона вайрон кардаанд, татбиқ намегардад.

Авф дар ҳуқуқи конститутсионӣ ҳамчун ваколати парламент ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Мувофиқи моддаи 59 Конститутсия (Сарқонун)-и ҶТ, лоиҳаи қонун дар бораи авф аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешавад. Дар таҷриба аз тарафи Маҷлиси Олӣ чандин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи авфи умумӣ қабул шудааст. Масалан, мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи афв» аз 29 августи 2001 ба муносибати даҳумин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ сарфи назар аз муҳлати ҷазои таъйиншуда, инчунин ба ҷазоҳои бо маҳрум сохтан аз озодӣ новобаста чан­дин ҳазор маҳкумшуда озод карда шуд (Ахбори Маҷлиси Олии ҶТ., — 2001, № 8). Мувофиқи банди 27 моддаи 69 Конститутсия (Сарқонун)-и ҶТ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ҳалли бахшиши ҷазоро дорад, ки он хислати фардӣ дошта, нисбат ба шахси муайян татбиқ мегардад.

  1. ҚОНУН ДАР БОРАИ АВФ ҚАБУЛ ШУД
  2. ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ҚОНУН «ДАР БОРАИ АВФ» ИМЗО ГУЗОШТ(пайванди дастнорас)