Арфа
Номи расмӣ |
англ. Harps[1] итол. Arpe[2] |
---|---|
Ҷоизаҳо | |
Тавзеҳот дар сомонаи | mimo-db.eu/HornbostelAnd… |
Таснифи Ҳорнбостел-Закс | 322[1] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Арфа (итол. Arpe) – сози тории қадимии мусиқӣ, ки шакли секунҷа дошта, ба чанги амудӣ монанд аст.
Аз поён то болои ин соз торҳои ҷӯрашон гуногуни дарозиашон ҳархела гузаронда мешаванд. Арфа яке аз созҳои қадима буда, аввввали садаи 19 такомул ёфтааст. Арфа 46 тор (зеҳ) дошта, қаторовози хроматикиаш (бо бемол) бо ёрии 7 фишанги пой ҳосил карда мешавад. Ҳар фишанг метавонад овозҳои номбаршударо дар ҳама октаваҳо ним парда ё як парда бардорад. Меъёри овози арфа аз Ces то fis 4 (аз до-бемоли контроктава то фа-диези октаваи 4) мерасад. Партияи арфа дар партитураи окестрӣ дар ду нотагоҳ навишта мешавад. Садои арфа маҳину форам буда, дар оркестр ва ансамблҳои мусиқӣ, дар якканавозӣ ва яккахонӣ истифода мешавад. Арфа имконияти зиёди иҷроӣ дорад ва дар он аккорд (якҷоя садодиҳии овозҳо), арпеҷио (пайиҳам садодиҳии овозҳо), глиссандо (лағжиш додани панҷаҳо болои торҳо) ва ғ-ро иҷро кардан мумкин аст. Дар фарҳанги қадимаи халқҳои Осиёи Миёна арфа ҳамчун сози мусиқӣ бо номи чанги амудӣ машҳур буд. Ҳангоми ҳафриёти археологии соли 1938 дар минтақаи Айритом (соҳили Амударё) арақае пайдо карданд, ки дар он сурати навозандае бо арфаи 13-тора акс ёфтааст.
Номҳои арфанавозони чирадаст М. Гранжани (франсуз), К. Салседо (амрикоӣ) ва мутрибони замони Шӯравӣ К. Эрдели, В. Дулова дар таърихи арфанавозӣ маълуму машҳуранд.[3]
-
Арфнавоз бо арфаи клоссикӣ
-
Арфаи асри XIX
-
Арфаҳои қадима ва клоссикӣ
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Consortium M. Revision of the Hornbostel-Sachs Classification of Musical Instruments by the MIMO Consortium
- ↑ Classification of Musical Instruments translated from the original German by Anthony Baines and Klaus Wachmann, with additions and revisions by Febo Guizzi — Fondazione Ugo e Olga Levi.
- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б. Қобилова. – Д.: Аржанг, 2019. – С. 38–39. – 480 с. – ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арфа / Ш. Ҳабибов // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.