Jump to content

Асалбегим Саодатова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Асалбегим Саодатова
Асал Саодатова
Таърихи таваллуд: 4 ноябр 1950(1950-11-04)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 4 апрел 2021(2021-04-04) (70 сол)
Маҳалли марг:
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпешаи театр, бозигари синамо
Ҷоизаҳо:
IMDb: ID 7878386

Асалбегим Саодатова (4 ноябри 1950[1], ноҳияи Рӯшон, ВАКБ, ҶШС ТОҷикистон — 4 апрели 2021, Душанбе, Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1997), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2008).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Асалбегим Саодатова 4 ноябри соли 1950 дар ноҳияи Рӯшон ба дунё омадааст. Дар соли 1971 пас аз хатми Донишкадаи давлатии санъати театрии шаҳри Москва, ба номи А. В. Луначарский ба ватан омада дар қатори бунёдгузорони Театри Ҷавонон буд. Миёни алоқамандон бештар бо нақши «Аҷузкампир» аз намоишномаи телевизионии «Алифбоҷон, Алифбо!» машҳур буд.

Фаъолияташ пурра дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон гузаштааст. Тӯли беш аз чор даҳсола дар спектаклҳои зиёд нақш бозида, қаҳрамонҳоеро рӯи саҳна овард, ки аз лиҳози хислат, хулқу атвор, ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмӣ ва идроки моҳияти зиндагӣ аз ҳам тафовут доранд, вале умумияташон самимӣ офариданашон аст. «Робиаи Балхӣ», «Табиби зӯракӣ», «Тангои ҷиноятӣ», «Модар меояд», «Муалли­ми рақс», «Ситораи роҳнамо», «Илоҷи беилоҷӣ ҳаст», «Суруди зиндагӣ», «Алафҳои бегона», «Ҳукм», «Донаки сеҳрнок», «Фолбин», «Дар ҷустуҷӯи бахт», «Кулбаи хонум Зоя» шаммае аз онҳоанд. Дар саҳначаю намоишномаҳои телевизионӣ низ ҳунар нишон додааст.

Дар филми «Асрори оилаи Ғаюровҳо» (1975) нақши хоҳар Ғаюрова Руқия Воҳидовнаро бозидааст[2].

Асалбегим Саодатова 4 апрели соли 2021 дар шаҳри Душанбе дар синни 70-солагӣ даргузашт[3].

  1. Ҷашнҳои рӯзи 4 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон(тоҷ.). Sputnik Tajik. 5 апрели 2021 санҷида шуд.
  2. Асал Саодатова / Асал Саодатова | E-Kino. e-kino.com.ua. 5 апрели 2021 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
  3. Даргузашти ҳунарпешаи маъруф Асалбегим Саодатова. Asia-Plus (5 апрели 2021).
  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.