Jump to content

Атола

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ордбирён
Кадбонуи тоҷик ҳангоми пухтупази ордбирён (атола)

Атола — ордбирён, ордоб, ҳадир, як навъи таоми маъмули тоҷикӣ.

Ордро дар равған (беҳтараш равғани дунба) то сурх шудан бирён карда, сипас шир ва каме об илова намуда, дар оташи паст мепазанд. Барои пухтани атолаи сафед ордро чандон бирён намекунанд. Атола таоми хушхӯр буда, аҳаммияти муолиҷавӣ низ дорад. Баъзе таббохон ба атола тухм ё чормағз ҳам меандозанд. Дар Қаротегину Дарвоз ва бештаре аз навоҳии вилояти Хатлон оши буридаро низ атола (дар талаффузи маҳал — отала) мегӯянд.
Ба чор пиёла орд 200 грамм равғани дунба ё маска, 1,5-2 литр шир ва мувофиқи табъ намак лозим аст. Атола навъҳои бисёр дошта, тарзҳои пухтани онҳо низ гуногун аст. Масалан, кочӣ, ки он низ як навъи атола аст. Кочиро аз орди гандум, нахӯду лӯбиё мепазанд. Аввал ордро дар равған бирён карда, баъд об ва баъзан шир ҳамроҳ намуда меҷӯшонанд, пас дар табақҳои калон мекашанд. Ба рӯйи он барои хушхӯрӣ мувофиқи табъ равғани доғи маска ё дилаи харбуза ва дар баъзе маҳалҳо дӯғ мерезанд. Дар Дарвозу Қаротегин ва Бадахшон ин навъи атоларо аз орди гандум ва дар ноҳияҳои водии Зарафшон фақат аз орди гандуми тирамоҳӣ мепазанд.