Jump to content

Бонки ҷаҳонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бонки ҷаҳонӣ
Маркази маъмурӣ
Нишонӣ 1818 H Street NW, Washington, DC 20433, USA
Намуди созмон international financial institution[d]
Забонҳо инглисӣ, арабӣ, фаронсавӣ ва испониёӣ
Санаи таъсис 27 декабр 1945
Соҳа development aid[d]
Веб-сайт worldbank.org
 Парвандаҳо дар Викианбор

Бонки ҷаҳонӣ (англ. World Bank) — созмони байналмилалии молиявӣ, ки бо мақсади расондани ёрии молиявӣ ва техникӣ ба кишварҳои рушдёбанда соли 1944 дар конференсияи Бреттон-Вуд (ИМА) ташкил карда шудааст.

Бонки ҷаҳонӣ (дар баробари Хазинаи байналмилалии асъор) яке аз созмонҳои бузурги молиявии ҷаҳон мебошад. Он бори нахуст ба кишварҳои Аврупои Ғарбӣ пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар пардохти қарз фаъолона ҳиссагузорӣ намудааст. Ҳадафҳои Бонки ҷаҳонӣ: мусоидат намудан ба ҷаҳонишавии устувор ба нафъи тамоми табақаҳои аҳолӣ; кам кардани сатҳи камбизоатӣ; суръатбахшӣ ба рушди иқтисодӣ бе расонидани зарар ба муҳити атроф; аз байн бурдани камбағалию гуруснагӣ, таъмини фарогирии маълумоти умумии ибтидоӣ; ташвиқи баробарӣ миёни зану мард ва васеъсозии ҳуқуқу имконоти занон; паст намудани сатҳи фавти кӯдакон, беҳсозии вазъи ҳифзи модарон; мубориза бо ВИЧ / СПИД, табларза ва бемориҳои дигар. Бонки ҷаҳонӣ вазифаҳои ҷаҳонии рушди инсонро баррасӣ намуда, барои ниёзмандон бо фоизҳои паст қарз пешниҳод менамояд. Ду муассисаи бонкии бо ҳам зич алоқаманди он — Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд (ББТР) ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (АБР) барои кишварҳое, ки ба бозорҳои сармояи ҷаҳон дастрасӣ надоранд, бо фоизҳои паст, фоизи сифрӣ қарз ва ё кумаки бебозгашт (грант) медиҳанд. Бонки ҷаҳонӣ бар хилофи муасссисаҳои дигари молиявии ҷаҳонӣ барои гирифтани фоида намекӯшад. Дар солҳои 1968-80 фаъолияти Бонки ҷаҳонӣ барои расондани ёрӣ ба кишварҳои рушдёбанда равона гашта буд. Айни замон Бонки ҷаҳонӣ дар сармоягузории беш аз 1800 лоиҳа дар тамоми соҳаҳои иқтисоди кишварҳои рушдёбанда, ба мисли Босния ва Ҳерсоговина, Гвинея, Бангладеш, Мексика, Тимори Шарқӣ, Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон амалан ширкат дорад. Бонки ҷаҳонӣ дар бештар аз 100 кишвари ҷаҳон намояндагӣ дорад, ки дар онҳо зиёда аз 10 ҳазор нафар фаъолият мекунанд. Қароргоҳи асосии Бонки ҷаҳонӣ дар Вашингтон аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 узви Бонки умумиҷаҳонӣ ва дар соли 1994 шомили Ассотсиатсияи байналмиллалии рушд (АБР) гардид. Намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон октябри 1996 таъсис дода шуд. Аз соли 1996 Бонки умумиҷаҳонӣ ба Тоҷикистон тақр. 850 миллион доллари ИМА қарз ва ёриҳои бебозгашт (грантҳо) ҷудо намудааст. Тақр. 34 дарсади маблағи мазкур барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва деҳот ҷудо шудааст. Соҳаҳои асосии дигаре, ки дар ҷумҳурӣ тавассути АБР аз соли 1996 мавриди дастгирии Бонки ҷаҳонӣ қарор дода шуданд, сиёсати иқтисодӣ ва бахши давлатӣ (17 %), энергетика (15 %), соҳаи обтаъминкунӣ (15 %), соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ (9 %) ва соҳаи маориф (10 %) мебошанд. Соли 2013 20-солагии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ ҷашн гирифта шуд.