Пудина: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
Саҳифаи нав: thumbnail|Пудина '''Пудина''' ({{lang-la|Mentha}}), ҳулба, растаниест бисёрсола. Т...
 
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
No edit summary
Сатри 2: Сатри 2:
'''Пудина''' ({{lang-la|Mentha}}), ҳулба, растаниест бисёрсола. То 150 см қад мекашад. Баргаш дарозрӯяи байзашакл, дандонадор. Хӯшагулаш саракмонанд, одатан, дар нӯги появу шохаҳои паҳлуӣ ҷойгир аст. Гулаш майда, гулобии нофармон ё сурхи нофармон, қифшакл ё зангӯламонанд; тобистону тирамоҳ мешукуфад. Пудина дар марғзор, алафзор, лаби чашма, ҷӯю канал, соҳили дарё ва кӯлу обанборҳо мерӯяд.

Дар [[Тоҷикистон]] 4 намуди Пудина маъмул аст: Пудина-и лалмӣ (ҳулбаи даштӣ – ''Mentha asiatica'', ''Mentha arvensis'', ''Mentha Spicata'') ва ''наъно''.
Дар [[Тоҷикистон]] 4 намуди Пудина маъмул аст: Пудина-и лалмӣ (ҳулбаи даштӣ – ''Mentha asiatica'', ''Mentha arvensis'', ''Mentha Spicata'') ва ''[[наъно]]''.

Равғани эфир, ментол ва барги Пудина-ро дар тиб, атриёт ва қаннодӣ истифода мебаранд. Хусусиятҳои доругии Пудина ҳанӯз ба Дисқуридус (а. 1 м.), Ҷолинус, [[Закариёи Розӣ]], [[Сино|Абӯалии Сино]], [[Абӯрайҳони Берунӣ]] ва диг. маълум буд. Абӯалӣ Сино бо оби Пудина бемориҳои меъда, гӯш ва зардпарвинро табобат мекард, тухми онро подзаҳр меҳисобид. Барг, равғани эфири Пудина ва ментолеро, ки аз он ҳосил мекунанд, барои муолиҷаи зиқи дил, невралгия, шақиқа, бемориҳои илтиҳобии меъда, ҷигар ва ғ. истифода мебаранд. Дар фитотерапия ва тибби халқӣ бо Пудина ғалаёни хун, атеросклероз, иллати гурдаю ҷигар, меъдаю рӯдаро табобат мекунанд.

Нусха 14:15, 8 апрели 2014

Пудина

Пудина (лот. Mentha), ҳулба, растаниест бисёрсола. То 150 см қад мекашад. Баргаш дарозрӯяи байзашакл, дандонадор. Хӯшагулаш саракмонанд, одатан, дар нӯги появу шохаҳои паҳлуӣ ҷойгир аст. Гулаш майда, гулобии нофармон ё сурхи нофармон, қифшакл ё зангӯламонанд; тобистону тирамоҳ мешукуфад. Пудина дар марғзор, алафзор, лаби чашма, ҷӯю канал, соҳили дарё ва кӯлу обанборҳо мерӯяд.

Дар Тоҷикистон 4 намуди Пудина маъмул аст: Пудина-и лалмӣ (ҳулбаи даштӣ – Mentha asiatica, Mentha arvensis, Mentha Spicata) ва наъно.

Равғани эфир, ментол ва барги Пудина-ро дар тиб, атриёт ва қаннодӣ истифода мебаранд. Хусусиятҳои доругии Пудина ҳанӯз ба Дисқуридус (а. 1 м.), Ҷолинус, Закариёи Розӣ, Абӯалии Сино, Абӯрайҳони Берунӣ ва диг. маълум буд. Абӯалӣ Сино бо оби Пудина бемориҳои меъда, гӯш ва зардпарвинро табобат мекард, тухми онро подзаҳр меҳисобид. Барг, равғани эфири Пудина ва ментолеро, ки аз он ҳосил мекунанд, барои муолиҷаи зиқи дил, невралгия, шақиқа, бемориҳои илтиҳобии меъда, ҷигар ва ғ. истифода мебаранд. Дар фитотерапия ва тибби халқӣ бо Пудина ғалаёни хун, атеросклероз, иллати гурдаю ҷигар, меъдаю рӯдаро табобат мекунанд.

Ба ақидаи табибони мардумӣ истеъмоли Пудина сӯзиши меъдаро таскин медиҳад, оруғ ва беҳузур шудани дилро ба ибро меоварад, бодҳоро пароканда менамояд; онро сӯхта ба дандон бимоланд, милки онро мустаҳкам мегардонад. Агар касе аз шаҳвати худ маҳрум гашта бошад, чун дар ҳар се рӯз як маротиба 1,75 г хушки Пудина-и кӯҳиро соида бо 10,5 г тухми харбуза, 35 г маскаи гӯсфанд ва 70 г асал бихӯрад, шаҳваташ барқарор ва ҳатто зиёд мешавад. Оби Пудина ё тару тозаи онро бо асал бихӯранд, арақ меоварад, пешобро меронад.

Нигаред

Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: