Амон Ҳамдамов: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х clean up using AWB
No edit summary
Сатри 3: Сатри 3:
|Номи аслӣ= Амон Султонович Ҳамдамов
|Номи аслӣ= Амон Султонович Ҳамдамов
|Акс= Amon Hamdamov.jpg
|Акс= Amon Hamdamov.jpg
|Зодрӯз= [[5 май]]и [[соли 1918]]
|Санаи таваллуд= [[5 май]]и [[соли 1918]]
|Зодгоҳ= ш. [[Самарқанд]]
|Зодгоҳ= ш. [[Самарқанд]]
|Даргузашт= [[15 декабр]]и [[соли 2003]]
|Даргузашт= [[15 декабр]]и [[соли 2003]]

Нусха 06:06, 7 августи 2015

Шаблон:Зиндагинома

Амон Ҳамдамов - (1918, .2003 ), оҳангсоз ва дирижер, омӯзгор. Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон (1968), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1978), узви Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон (аз с.1958).

Зиндагинома

Амон Султонович Ҳамдамов 5 майи соли 1918 дар гузари Чорраҳаи ш.Самарқанд ба дунё омадааст. Иштир. ҶБВ-ии с.1941-1945. Мактаби мусиқи (1940), Омӯзишгоҳи мусиқии ш.Сталинобод (ҳоло – Душанбе, 1952), Консерватория давлатии ба номи П.И.Чайковский (Москва, 1958)-ро хатм кардааст. Аз 15-солагӣ ғижжакнавози дастаи ҳунарии Театри яҳудиёни ш.Самарқанд (1933-1935), мутриби Театри драмаи мусиқии Тоҷикистон ба номи А.Лоҳутӣ (1935-1938), консертмейстери орк. созҳои халқии Тоҷ. (1938-1941). Пас аз анҷоми ҶБВ дириж. Орк. созҳои халқӣ(1947-1952; 1958), муал. Омӯз. мус. ш.Душанбе (1959-1961; 1970-1981), сардирижёри Оркестри созҳои халқии КДТР (1962-1979), дотсенти Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1979-1999). Иштирокчии се Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва (1941, 1949, 1957), ҷон. раиси Прав. Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон (1968-1981).

Эҷодиёт

Муаллифи қариб 150 асари мухталиф: сурудҳои

Барои чандин спектакли ТДАДТ ба номи А.Лоҳутӣ оҳанг офаридааст:

  • “Бой ва хизматгор”-и Ҳамза Ҳакимзода (1957),
  • “Иродаи зан”-и Аъзам Сидқӣ (1963),
  • “Сарбозони инқилоб”-и Ғанӣ Абдулло (1975),
  • “Шабҳои фироқ”-и Аминҷон Шукуҳӣ (1963),
  • “Мубориза”-и А.Усмонов (1973),
  • “Зол ва Рудоба”-и Шамсӣ Қиёмов ва Шералӣ Мастон (1977),
  • “Фоҷиаи инсон”-и Абдусалом Атобоев (1984).

Мукофот ва ҷоизаҳо

  • ду орд. “Нишони Фахрӣ”,
  • Бо медал ва Ифтихорномаи Фахрии През. Сов. Олии Тоҷ. мукофотонида шудааст.[1]

Манбаъ

  1. [ Аслҳо ва наслҳо. - Душанбе, 1988. – С. 141.]